Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оссиллятор

Оссиллятор

Оссиллятор (аз лотинӣ oscillo — мелаппам), системаи физикаи лаппандаро гӯянд. Системам механикие, ки дар наздикии нуқтаи мувозинат мелаппад, Оссиллятори классикӣ ном гирифтааст. Агар энергияи потенсиалии Оссиллятор ба квадрати тамоил аз вазъияти мувозинат (ин ҳолат дар мавридҳои лаппишҳои хурд ҷой до­рад) мутаносиб бошад, онро Оссиллятори мавзунӣ (гармоникӣ) меноманд.

Мафҳуми Оссилляторро дар системаҳои ғайримеханикии лаппандае, ки дар электромагнетизм, акустика, наза­рияи ҷозиба ва ғайра ба амал меоянд, низ истифода мебаранд. Яке аз намудҳои бештар маъмули  Оссиллятори электрӣ контури лаппандаест, ки дорои индуктивият ва ғунҷоиш мебошад. Оссиллятор дар назарияи ҷисми сахт, наза­рияи афканишоти электромагнитӣ, назарияи лаппиши спектри молеку­лаҳо роли муҳим мебозад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …