Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Осори Владимир Илич Ленин

Осори Владимир Илич Ленин

Осори Владимир Илич Ленин дар тӯли сӣ соли фаъолияти назариявӣ ва ташкилотчигии худ (аз соли 1893 то 1923) садҳо китобу брошюра, ҳазорҳо мақолаю мактуб навиштааст, дар съезду конференсияҳои партиявӣ, дар съездҳои Советҳо, Конгрессҳои Интернасионали Коммунистӣ, дар маҷлису Намоишҳои сершумори меҳнаткашон бо нутқу маърӯзаҳои зиёде баромад кардааст, бисёр қарору резолютсияҳо, тезисҳо ва ҳуҷҷатҳои дигарро мураттаб ё таҳрир кардааст. Асарҳои Владимир Илич Ленин, фикру ақидаҳои ӯ дар инкишофи эҷод- коронаи марксизм саҳифаҳои нав кушоданд, онҳо барои марксистони ҳақиқӣ, синфи коргар ва тамоми меҳнаткашон дар роҳи вожгун сохтани тартиботи истисморгарӣ ва барқарор кардани диктатураи про­летариат, барпо намудани ҷамъияти сотсиалистӣ ва коммунистӣ ба сифати аслиҳаи пурзӯри ғоявӣ ва дастури бузурги амалиёти револютсионӣ хизмат карданд ва мекунанд.

Дар таълифоти Владимир  Илич Ленин ҳамаи се қисми таркибии марксизм — фалсафа, иқтисоди сиёсӣ ва коммунизми илмӣ мутобиқи шароити нав эҷодкорона инкишоф ёфтаанд, таълимоти мавзуни илмӣ дар бораи партияи синфи коргар, иттифоқи синфи коргару деҳқонони меҳнаткаш, дар бораи револютсияи сотсиалистӣ, масъалаи миллӣ, плани возеҳи сохт­мони сотсиализм ва коммунизм дар СССР баён гардидаанд. Бинобар ин дастраси оммаҳои меҳнаткаши Мамлакати Советӣ гардондани осори бу­зурги Владимир Илич Ленин яке аз муҳимтарин вазифаҳои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ ба шумор ме­равад.

Пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр асарҳои Владимир Илич Ленин асосан пинҳонӣ чоп ва интишор мешуданд, зеро дар Россияи подшоҳӣ нашри озодонаи адабиёти марксистӣ ва умуман адабиёти тараққипарвар номумкин буд. Дар давраи тореволютсионӣ асарҳои Владимир Илич Ленин дар Россия 212 маротиба чоп шуда буданд, ки адади наш­ри онҳо 573,9 ҳазор нусха буд. Дар ин давра баъзе асарҳои Владимр Илич Ленин ба забонҳои хориҷӣ-англисӣ, немисӣ, франсавӣ, филӣ ва ғайра низ нашр шу­да буданд.

Баъд аз ғалабаи Револютсияи Октябр дар кори ҷамъ, чоп ва интишор кардани осори безаволи классикони марк­сизм-ленинизм марҳалаи нав cap шуд. Хусусан ба нашру тарғиби таъ­лифоти Владимир Илич Ленин диққати калон дода шуд. Нашри осори ӯ ба дараҷаи кори умумипартиявӣ ва умуми- давлатӣ бардошта шуд. Дар бораи нашри маҷмӯаи асарҳои Владимир Илич Ленин Съезди 9-уми РКП (б) (1920) қарор қабул кард. Нашри 1-уми асарҳои Владимир Илич Ленин дар ҳаҷми 20 ҷилд (26 китоб) солҳои 1920—26 ба анҷом расонда шуд, ки ба он бештар аз 1500 асару мақолаҳои ӯ дохил мешуданд. Соли 1925 нашрҳои 2-юм ва 3-юми асарҳои Владимир Илич Ленин оғоз ёфтаанд.

Соли 1940 бо қарори Комитети Марказӣ ВКП (б) нашри 4-уми асарҳои Владимир Илич Ленин cap шуд ва он соли 1950 дар ҳаҷми 35 ҷилд ба анҷом расид. Ин нашр 2927 асари Владимир Илич Ленинро дарбар мегирифт. Азбаски ба нашри 4-ум на ҳамаи асарҳои Владимир Илич Ленин дохил шу­да буданд, солҳои 1957—67 боз даҳ ҷилди иловагӣ бароварда шуд. Наш­ри 4-ум ба забонҳои миллии халқҳои республикаҳои иттифоқӣ ва як қатор халқҳои хориҷӣ тарҷума шудааст.

Бо қарори Комитети Марказии КПСС январи 1957 ба нашри Куллиёти Владимир Илич Ленин дар ҳаҷми 55 ҷилд шурӯъ карда шуд. Нашри 5-ум низ ба як қатор забонҳои миллии халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума шудааст ва ё тарҷума мешавад.

Солҳои 1960—61 Мунтахаботи сеҷилдаи Владимир Илич Ленин нашр гардид, ки онҳо ҳам ба забонҳон миллии халкҳои CССP тарҷума ва чоп шуданд. Уму­ман солҳои 1918—78 асарҳои Владимир Илич Ле­нин дар СССР 13889 маротиба ба 63 забони халқҳои советӣ ва 39 забони хориҷӣ нашр гардидаанд, ки адади нашри умумии онҳо 531 миллиону 167 ҳазор нусха мебошад. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО, дар байни ада­биёти тарҷумавӣ дар тамоми дунё асарҳои Владимир Илич Ленин ҷои аввалинро ишғол менамоянд. Асарҳои ҷовидонии ӯ ҳоло ба 130 забони халқхои ҷахон нашр гардидаанд. Танҳо соли 1978 асарҳои Владимир Илич Ленин бештар аз 200 маротиба ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар бобати ба забони тоҷикӣ низ тарҷу- ма, нашр ва паҳн кардани асарҳои классикони марксизм-ленинизм кори бузурге анҷом дода шуд. Идеяҳои марксизм-ленинизм дар байни меҳ- наткашони тоҷик ҳанӯз пеш аз Револютсияи Октябр паҳн шуда буданд. Дар дав­раи Револютсияи якуми рус (1905—07) ва солҳои баъдина коргарони пешқадами миллатҳои маҳаллии Осиёи Мие­на, аз ҷумла коргарони тоҷик, бо баъзе асарҳои марксистӣ ва пеш аз ҳама бо мухимтарин асарҳои Владимир Илич Ленин шиносоӣ доштанд (тавассути тарғиботи даҳонакӣ).

Баъд аз ғалабаи Револютсияи Октябр халқи тоҷик дар қатори дигар халқҳои Осиёи Миёна имконият пайдо кард, ки асарҳои Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва алалхусус осори Владимир Илич Ленинро ба забони модарии худ нашр ва мутолиа кунад. Баъзе асарҳо ва нутқу маърӯзаҳои Владимир Илич Ленин аввалин бор ба забони тоҷикӣ дар саҳифаҳои нахустин журнали тоҷикии даврони советӣ «Шуълаи инқилоб», ки сол­ҳои 1919—21 дар Самарқанд нашр мешуд, дарҷ гардида буданд. Чунончӣ, муроҷиатномаи Ҳукумти Советӣ

«Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Россия ва Шарқ», ки онро Владимир Илич Ленин имзо карда буд, мактуби машҳури пешво «Ба рафиқон коммунис- тони Туркистон», маърӯзаҳои ӯ (дар шакли мухтасар) дар съеэдҳои 7-ум ва 8-ум и Советҳои умумиироссия, дар Съезди 2-юми умумироссиягии муассисаҳои маорифи сиёсӣ — «Сиёсати нави иқтисодӣ ва вазифаҳои муассисаҳои маорифи сиёсй» ва дигар. Баъд аз ташкил ёфтани Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1925) ба нашри мунтазами асарҳои Владимир Илич Ленин ва дигар адабиёти марксистӣ ба забо­ни тоҷикӣ шурӯъ карда шуд. Дар плани нашриёт фасли махсус — «Адабиёти ленинӣ» мавҷуд буд.

Ташкилоти партиявии Тоҷикистон ба ко­ри тарҷумаю нашри асарҳои Владимир  Илич Ленин ба забони тоҷикӣ бевосита роҳбарӣ мекард ва бо мақсади хар­чи зудтар ва бештар дастраси хонандагони тоҷик гардондани таълифоти пешвои муаазам тадбирҳои му­ҳим меандешид. Соли 1928 аввалин маротиба дар шакли китобҳои алоҳида се асари Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ ба табъ расид: «Вазифаҳои иттифоқҳои ҷавонон», «Интернасионали сеюм ва мақоми вай дар таърих», маҷмӯи мақолаҳо «Дар бораи комсо­мол». Адади нашри ҳар кадоми ин асарҳо ду ҳазорнусхагӣ буд. Соли 1929 ҳам се номгӯй асарҳои Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад: «Дар бораи давлат», «Мусобиқаро чӣ тавр ташкил кардан лозим аст?» ва маҷмӯи мақолаҳои «Бедоршавии Осиё”. Адади нашри ин асарҳо 6 ҳазору 50 нусха буд. Соли 1930 бошад, 7 маҷмӯаи асарҳои ӯ дастраси хонандагони тоҷик гардид: «Тактикаи болшевикон», «Револютсияи Октябр», «Диктатураи пролетариат», «Синфи коргар ва партия», «Револютсиям ҷаҳонӣ ва масъалаҳои Коминтерн», «Пролетариат ва деҳқонон», «Револютсияи Кабири Октябр».

Адади нашри ин маҷмӯаҳо 15570 нусха буд. Нашри асарҳои Владимир  Илич Ленин ба забо­ни тоҷикӣ, алалхусус дар солҳои панҷсолаҳои пеш аз ҷанг хеле афзуд. Дар солҳои 1931—41 дар респуб­лика 47 номгӯй асарҳои Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ нашр гардид, ки адади нашри онҳо қариб 440 ҳазор нусха буд. Баъди ба итмом расидани Ҷангн дуюми ҷаҳон нашри асарҳои Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ боз ба роҳ монда шуд. Соли 1945 «Ба камбағалони қишлоқ», 1947 «Чӣ бояд кард?», 1948 «Як қадам пеш, ду қадам ақиб» ба табъ расиданд, ки ада­ди нашри онҳо 32 ҳазор нусха буд. Аз соли 1954 cap карда ҷилдҳои асарҳои Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ 10 — ҳазор нусхагӣ аз чоп баромадан ги- рифтанд. Соли 1960 нашри тоҷикии 35 ҷилди асосии асарҳо анҷом гирифт. Солҳои баъдина боз 10 ҷилди иловагии нашри 4-ум ба чоп тайёр карда шуданд. Соли 1972 ҷилди охирин ҷилди  45-уми асарҳои Владимир Илич Ленин ба тоҷикӣ нашр гардид.

Дар баробари нашри асарҳо соли 1961 Мунтахаботи сеҷилдаи Владимир Илич Ленин ба тоҷикӣ аз чоп баромад, адади нашр 30 ҳазор нусха, ки ба он ҳамаи асарҳои муҳимтарини ӯ дохил мешуданд. Ғайр аз ин солҳои 1950—79 бисёр маҷмӯа ва асарҳои ҷудогонаи Владимир Илич Ленин ба тоҷикӣ нашр гардиданд: ҷамъ 159 номгӯй бо тиражи бештар аз 1 миллиону 100 ҳазор нус­ха. Баъзе асарҳои Владимир Илич Ленин чандин маротиба такроран ба тоҷикӣ нашр шудаанд. Умуман дар солҳои 1928—1979 осори Владимир Илич Ленин 222 ма­ротиба (аз ҷумла 45 ҷилди асарҳо, Мунтахаботи сеҷилда ва маҷмӯаҳо) -ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст, ки ҷамъи тиражи онҳо ба 1 миллио­ну 700 ҳазор нусха мерасад.

Дар тарҷума ва таҳрири асарҳои Владимир Илич Ленин ба забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун инҳо ширкат варзидаанд: Аббос Алиев, М. Расулӣ, А. Исмоилзода, Б. Сирус, Р. Ҳошим, М. Мусавӣ, С. Баҳромӣ, Сотим Улуғзода, Бобофон Ғафуров, Н. Почоҷонов, Ҳ. Аҳрорй, А. Деҳотӣ, Ҳ. Оқилӣ, М. Осимӣ, Р. Ҳодизода, И. Раҳматов, А. Қосимов, Ш. Собиров, Э. Муллоқандов, Мардонқул Усмонов, Мадазим Усмонов, И. Келдиев, И. Диёров ва дигар.

Ба забони тоҷикӣ нашр шудани осори бои Владимр Илич Ленин дар ҳаёти сиёсию маданиии республика воқеаи хеле муҳим мебошад. Вай дар та- шаккули ҷаҳонбинии коммунистии меҳнаткашони тоҷик, дар тарбияи одами нав — бинокори фаъоли ком­мунизм мавқеи калон дорад, ба инкишофи афкори фалсафӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсири калон мерасонад. Таҳияи осори Владимир Илич Ленин барои нашр ба забони русӣ ва забонҳои миллии СССР ба зиммаи Институти марксизм-ле­нинизм ва филиалҳои дар республикаҳои иттифоқӣ будаи он гузошта шудааст.

Адабиёт: Келдиев И., Издание и рас­пространение произведений классиков марксизма-ленинизма в Таджикистане, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …