Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Осори Намозгоҳтеппа

Осори Намозгоҳтеппа

Намозгоҳтеппа осори бошишгоҳи давраи энеолит ва биринҷӣ дар Туркманистон, 7 км ғарбтар аз стансияи роҳи оҳан Қааҳқа. Вусъаташ тақрибан 70 га, ғафсии қабатҳои археологӣ то 34 м. Археологи советӣ Б. А. Куфтин ҳан- гоми ҳафриёт (1952) тартиби ҷои қабатҳои археологии Намозгоҳтеппаро муайян намуд, ки он дар тадқиқи дигар ёдгориҳои Осиёи Миёна дастури муфиде гардид. Аз Намозгоҳтеппа I (қабати археологии нимаи дуюми ҳазораи 5 — аввали ҳазораи 4 то мелод) хонаҳои аз хишти хом сохташуда, қабрҳои яккаса, маснуоти сафолии дастии мунаққаш, ашёҳои мисӣ, , ҳайкалчаҳои гилини занон дарёфт шудаанд.

Дар Намозгоҳтеппа II. (миёнаи ҳазораи 4 то мелод) маснуоти сафолии мунаққаши дуравга, дар Намозгоҳтеппа III (охири ҳазораи 4 — аввали ҳазораи 3 то мелод ) маснуоти сафолии мунаққаши дорои аксҳои ҳайвонот ёфт шудаанд. Дар Миёнаи ҳазораи 3 то мелод (Намозгоҳтеппа IV) бошишгоҳ васеъ шуд. Чархи кулолӣ ба кор бурда шуда, ҳайкалчаҳои сафолии занон бештар паҳн гардиданд. Намозгоҳтеппа V (охири ҳазораи 3 — аввали ҳазораи 2 то м.) давраи равнақи олии маданияти маҳаллист.

Ба ин давра маснуоти бенақшу нигори сафолӣ, хумдонҳои дуқабатаи кулолӣ, ашёҳои рехтаи мисӣ ва биринҷӣ (корд, ханҷар, оина) хосанд. Боқимондаи биноҳои бисёрхонадор кушода шудаанд, ки онҳоро тангкӯчаҳо аз ҳам ҷудо мекунанд. Намозгоҳтеппаи ин давра баробари Мундигак ва Шаҳрисохтаи Эрони Шарқӣ яке аз муҳимтарин марказҳои тамаддуни шаҳрҳои байни Шумер ва Ҳиндус- тон буд. Дар миёна ва нимаи дуюми ҳазораи 2- то мелод (Намозгоҳтеппа VI) таназзули маданият (масоҳати бошишгоҳ хурд, маснуоти сафолӣ дағал мешавад) мушоҳида мегардад, ки ин шояд ба муҳоҷирати қабилаҳо вобаста бошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …