Маълумоти охирин
Главная / Илм / Осмий

Осмий

Осмий элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами атомиаш 76, мас­саи атамиаш 190,2; ба металлҳои платинӣ мансуб. Аввалин маротиба соли 1804 С. Теннант ҷудо кардааст. О.-и холис сахт ва мӯрт буда, ҳангоми соидан ба О.-и хока табдил меёбад. О. бо хосиятҳои химиявиаш аэ дигар металлҳои гурӯҳи платина фарҳ мекунад. Вай баъзан хосияти нометаллӣ низ зоҳир менамояд.

О. ҳангоми дар ҳаво тафсонидан оксид шу­да, ба оксиди осмий (0з04) табдил меёбад. Дар шароити муқаррарӣ дар кислотаҳои беоксиген ҳал намешавад, дар НNО3 консентронида то О3С4 оксид мешавад. О. дар пайваст- ҳояш аксар вацт 4 ва 6 валента аст. Ҳамаи пайвастҳои вай ҳангоми дар ҷараёни гидроген тафсонидан то О.-и металли барқарор мешаванд. Ангидриди осмий (0з04) дар об, спирт ва эфир низ ҳал мешавад.

Маҳлули обиаш кислотаи осмиат мебошад. Хокаи О.-и металлӣ, ҳангоми бо фтор (210°С) тафсонидан ба ОзР8, ОзР6, ОзР4 дар муҳити хлор бошад, ба ОзС14, ОзС13, ОзС12 табдил меёбад. ОзО4-ро бо роҳҳои гуногун барқарор карда, О.-и металлӣ ҳосил мекунанд. О. ва хулаҳои он дар радиотехника, саноати чинӣ ва бештари пайвастҳояш бошад, дар илми тиб, суратгирӣ ва чун катализатор истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …