Маълумоти охирин

Осло

Осло (Oslo), солҳои 1624—1924 Кристиания, шаҳр, пойтахти Норвегия. Калонтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили Осло-форд, дар баландии 300—400 м воқеъ аст. Иқлимаш мӯътадили уқёнусӣ; зимистонаш мулоим. Ҳарорати миёнаи январӣ то —о°С, июл 16° С; боришоти солона 677 мм. Масоҳаташ шаҳр 453 км2. Аҳолиаш 460 ҳазор нафар (1981), бо атрофи шақр зиёда аз 700 ҳазор нафар.

О. маркази асосии саноату нақлиёти Норвегия мебошад. Ба воситаи бандари он қариб 30%-и муомилоти савдои берунии мамлакат мегузарад. Узели роҳи оҳан. Аэропорт Форнебу дорои аҳамияти байналхалқист. Дар О. саноати мошинсозӣ ва коркарди ме­талл (зиёда аз 30%-и истеҳсоли мошину таҷҳизоти мамлакат), махсусан истеҳсоли таҷҳизот барои саноати энергетика ва целлюлозаю коғаз, киштисозӣ ва таъмири киштӣ (кон­серни «Акерш»), электротехника ва радиоэлектроника (заводҳои магнито­фон, радиоприёмник ва телевизори «Танберг» ва ғаёра), металлургия (заводи пӯлоди Берума) ривоҷ ёфтааст. Инчунин саноати дӯзандагӣ, полиграфӣ ва хӯрокворӣ дорад.

Дар О. университет (аз 1811), консерватория, театрҳои дра­ма ва опера, Академияи бадеии давлати, Академия» фанҳо ва адабиёти Норвегия, музенҳо, аз ҷумла музейҳои «Фрам» ва «Кон-Тики* (дар нимҷазираи Бюгдё), нигористони миллӣ ва ғайра мавҷуданд. Метро маркази шаҳрро бо дигар маҳалҳои аҳолинишини он мепайвандад. Чандин боғу паркҳо ва истирохатгоҳи наздишаҳрӣ (Нурмарка) дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: қалъаи Акерсхус (тақрибан 1300), касри шоҳӣ (1824—1848), биноҳои парламент (1866), ун-т (1838—52) ва ғайра.

О. соли 1048 бунёд ёфтааст. Аз охири асри 13 то соли 1380 О. қароргоҳи шоҳони Норвегия буд. Пас аз сухтори соли 1624 шаҳр дар ҷои дигар аз нав сохта шуд. Аз соли 1814 пойтахти Норвегия. Шаҳрро аз 9 апрери 1940 то 8 май 1945 қӯшунҳои фашистон немис ишғол карда буданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …