Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Осиёи хурд

Осиёи хурд

Осиёи хурд, нимҷазираест дар ғарби Осиё, ки қисми зиёди онро Тур- кияи ҳозираишғол кардааст. Осиёи Xурдро баҳрҳои Сиёҳ, Мармар, Эгей ва Миё- назамин иҳота кардаанд. Зиёда аз 1000 километр дарозӣ ва 400—600 километр бар дорад. Тарҳи соҳилҳои шимол ва ҷануб бештар рост буда, соҳилҳои ғарбӣ бо халиҷҳои бисёре бурида шудаанд. Қисми зиёди нимҷазираро кӯҳсори Осиёи Хурд фаро гирифтааст; баландиаш 800—1500 метр; дар соҳили баҳрҳо пастиҳои камбар мавҷуданд.

Ноҳияҳои шимолӣ ва ғарбии нимҷазираи Осиёи Xурд— серзилзила. Иқлим субтропи­кии баҳримиёназаминӣ. Кӯҳҳои канориаш сернам (боришоти солона 1000—3000 миллиметр), ноҳияҳои дохилӣ хушк (200—500 миллиметр). Дарёҳо камоб, зимистон пуроб мешаванд. Кӯлҳои баста (аз чумла кӯлҳои шӯр) ва шӯрзаминҳо бисёранд. Дар нишебиҳои наздисоҳилии кӯҳи Понт бешаҳои сернами субтропикӣ, дар кӯҳи Тавр бе­шаҳои баҳримиёназаминӣ ва буттазорҳо дида мешаванд. Ландшафтҳои ноҳияҳои дохилии нимҷазираи— нимбиёбонии ксерофитӣ ва даштҳои кӯҳӣ Нигаред низ Туркия.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …