Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Осиёи Миёна

Осиёи Миёна

Осиёи Миёна 1) қисми осиёии территория, ки аз баҳри Каспий дар Fарб то сарҳади Хитой дар Шарқ ва аз бахштоҳи Аралу Иртиш дар Шимол то сарҳади Эрону Афғонистон дар Ҷануб тӯл кашидааст. То тақсимоти миллию давлатӣ (1924—25) Осиёи Миёнаро Мовароуннаҳр меномиданд, сонӣ Осиёи Миёна меномидагӣ шуданд (Дар муқобили Осиёи Марказӣ). Дар адабиёти географии хориҷӣ баъзан мафҳумҳои «Осиёи Миёна» ва «Осиёи Марказӣ»-ро аз ҳам фарқ намекунанд.

Табиати Осиёи миёна. Қисми зиёди территорияи Осиёи Миёна  ҳамвор буда, онро пастии Тӯрон ишғол кардааст (ба он аз Шимоли Шарқ ҳамворӣ ва биёбонҳои ҳавзаи Балхашу Алокӯл, аз Шимол қисми ҷанубии пуштакӯҳи Турғай ва кӯҳҳои пасти Қазоқистон бо ландшафти нимбиё­бонӣ ва хушки даштӣ пайваст шу­даанд. Баландии дар қисми ҳамвории  Осиёи Миёна ҷой дошта аз — 28 метр (соҳили шарқии баҳри Каспий) то 300 метр, аммо чуқурии баъзе пастхамиҳо аз сатҳи баҳр то 132 метр, дар қисми Қарагии ҷануби Манқишлоқ, 81 метр (Оқчақӯй; шимоли ғарбии Қароқум) пастанд. Ба­ландин кӯҳҳои баъзе ҷойҳои биёбонҳои Қизилқум (қӯҳи Томдитоғ) то 922 метр мерасад.

Осиёи миёна

Барои территорияи ҳамвори Осиёи Миёна пай дар ҳам ивазшавии пастӣ ва ҳамвориҳои аккумулятивӣ, аз ҷумла бо регзорҳои аллювиаливи қа­дим (қисми зиёдашро биёбонҳои Қароқум, Муюнқум ва ғайра фаро гирифтааст), бо паҳнкӯҳҳои пасту ба­ланд (пуштакӯҳҳои Устюрт, паҳнкӯҳи Красноводск ва ғайра) ва ҳамвориҳои денудасионӣ (пасткӯҳҳои Қазо- қистон, қисми шарқии биёбони Бет- пакдала ва ғайра) хос аст. Биёбонҳои Осиёи Миёна аз Ғарб ба Шарқ (аз баҳри Каспий то кӯҳҳои Тиёншон) ба масофаи зиёде аз 1000 километр тӯл кашидаавд ва қариб дар ҳамаи онҳо растаниҳои гармопарвар мерӯянд, ки барои парвариши чорво (бузу гӯсфанд) ва шутур чарогоҳҳои қулаянд. Дар биёбонҳо шӯрзаминҳо ва санглохҳо низ ҳастанд. Ҳамвориҳои Осиёи Миёна барои дехқонӣ, асосан барои кишти пахта на ғалла, истифода мешаванд.

Қисми ҷануби шарқии Осиёи Миёнаро сис­темам кӯҳҳои Тиёншон (кӯҳи «Ғалаба», баландинаш 7439метр) ва Помиру Олой, ки нуқтаи баландтарини СССР аст (қӯҳи «Коммунизм», 7495 метр), ишғол кардаанд. Дар ҷануби Осиёи Миёна қаторкӯҳи Копеттоғ ҷой гирифтааст, ки аз сатҳи баҳр то 2942 метр баланд аст. Иқлими қисми ҳамвории Осиёи Миёна бештар аридӣ (биёбонию нимбиёбонӣ) аст; дар кӯҳҳо иқлими кулҳои калону хурд мавҷуданд, ки калонтарини онҳо баҳри Арал ва кӯли Балхаш мебошад. Дарёҳои ка­лонтарини Осиёи Миёна Аму ва Сир, Или ба баҳри Арал ва кӯли Балхаш мерезанд.

Сарватҳои зеризаминии Осиёи Миёна хеле зиёд ва гуногунанд. Дар водии Фар­ғоаи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Ӯзбекистон, биёбони Қароқум, ва дигар ҷойҳо конҳои нефт мавҷуданд. Аз рӯи захираҳои гази табий Осиёи Миёна дар СССР яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Конҳои газ дар Газлӣ, Шодлик, тилло дар Биёбони Қизилқум (Муринтоғ) мавҷуданд.

Осиёи Миёна аз ангиштсанг бой мебошад, ки захираи он аз рӯи ҳисоби олимон ба 40,8 миллиард тонна (мувофиқи маълумотҳои соли 1955) мерасад. Дар ҳавзаҳои Фону Яғноб (Работ, захирааш 846 миллион тонна ва Шӯроб (захирааш 3 миллиард тонна). Оҳангарон (захирааш 2,8 миллиард тонна) ангиштсанги аълосифат истеҳсол карда мешавад. Дар чануби Қазоқистон ва Тоҷикистони Шимоли конҳои оҳан (захирааш 60 миллион тонна) ҳастанд. Дар Осиёи Миёна металлҳои ранга ва дигар металлҳои камёфт: мис, қӯрғошим, нуқра, тилло, симоб, вис­мут, қалъагй ва ғайра мавҷуданд, ки аҳамияти калони саноатӣ доранд.

2) Осиёи Миёна территорияест, ки он Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон, Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Туркманистон., Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Ӯзбекистон, Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Қирғизистонро дар бар мегирад. Он райони иқтисодии осиёимиёнагиро ташкил медиҳад..

Аҳолӣ. Миқдори умумии аҳолии Осиёи Миёна 25 480 ҳазор нафар (1979), зичии аҳолӣ дар 1 километр2 тахминан аз 1—4 (дар биёбон ва нимбиёбонҳо) то 300 нафар (дар вилояти Андиҷони Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Ӯзбекистон). Дар шаҳрҳо 10 362 ҳазор нафар, ё худ қариб 41%и аҳолии Осиёи Миёна зиндагӣ мекунад. Аҳолии Осиёи Миёна аз соли 1940 то 1979 қариб 2,5 баробар афзуд. Ин натиҷаи дар СССР аз ҳама зиёд будани миқдори таваллуд (3—4%) ва инчунин миграсияи аҳолӣ (аз соли 1953 то 1974 ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон ка­риб 1. 2 млн кас кӯчгада омадааст) мебошад. Аҳолии маҳаллии Осиёи Мёна тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қарақалпоқҳо ва ғайра мебошанд. Аз сабаби он ки халқҳри Осиёи Миёна асрҳо якчоя зиндагӣ ва алоқа доранд, дар соҳаи маданияти моддӣ ва маънавии онҳо бисёр ҷиҳатҳои муштаракро дидан мумкин.

Ин ҷихатҳои муштарак пеш аз ҳама дар натиҷаи ягонагии таърихӣ ва наздикии унсурҳои этникӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар натиҷаи тараққиёти дуру дарози этникӣ гурӯҳҳои мардуми кӯчманчӣ, ки қисмашон аз берун омада, дар зинаҳои гуногуни таърихӣ дар Осиёи Миёна ҷойгир шудаанд, халқияти калонеро ташкил додаанд. Дар шароити сохти советии тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо, кароқалпоқҳо ҳамчун миллати сотсиалистӣ ташаккул ёфта, соҳиби республикаи миллии худ гардиданд. Ба ғайр аз халқҳои номбурда дар Осиёи Миёна дигар халқхои СССР — русҳо, тотору бошқирдҳо, қазоқхо, украинхо, белорусҳо, мордваҳо, арманҳо. гурчиҳо, озариҳо, осетинҳо ва дигар зиндагӣ мекунанд.

Инчунин халқхое низ ҳастанд (яҳудиҳо, кореягиҳо, уйғурҳо, дунганҳо, арабҳо, курдҳо, эролиҳо, балучҳо ва дигар), ки қисми онхо берун аз хоки О.сиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи республикаҳои Осиёи Миёна сермиллатанд. Аҳолӣ бо забонҳои модарӣ, инчунин гурӯҳи забонҳои гуногун гап мезанад. Туркзабонҳо, ки аз гурӯхи туркии оилаи олтой мебо­шанд, 70%-и аҳолии Осиёи Миёнаро таш­кил медиҳанд: ӯзбекҳо —12102 ҳазор, туркманҳо —4998 ҳазор , қирғизҳо — 1877 хазор, қароқалпоқҳо —298 хазор, Казоқхо — 727 ҳазор, тоторҳо — 841 хазор нафар ва ғайра. Ба забонҳон гурӯҳи эронии оилаи ҳиндуевропои тоҷикон 2855 ҳазор кас, аз ҷумла яғнобиҳо ва халқҳои Помир, шуғнониҳо, рушониҳо, вахониҳо, ишкошимихо, язғуломиҳо ва дигар, ки қариб тамоман бо тоҷикон омехта шуда­анд), инчунин курдҳо ва балучҳо — хамагӣ қариб 11% (мувофиқи маълумоти соли 1970) аҳолии Осиёи Миёна гап мезананд. Дар вилоятҳои ҳамшафат (махсусан дар Бухоро ва Самарқанд) тоҷикон ва ӯзбескҳо маскун буда, аксарияти онхо ҳар ду забонро нағз медонанд. Забони яхудиён низ то­ҷикӣ буда, махсусиятҳои лахҷавӣ дорад, арабҳо ба ӯзбекӣ ё тоҷикӣ (вобаста ба он ки бо кадом халқ якчоя зиндагӣ мекунанд) гап мезананд.

ҷӯгиҳо — ба тоҷикӣ. Русҳо (3322 ҳазор) ва украинҳо (296 ҳазор нафар), ки асосан дар шаҳрҳо (дар Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Қирғизистон бошад, баръакс дар қишлоқҷойҳо) зиндагӣ мекунанд, ки қариб 17%’ аҳолии Осиёи Миёнаро ташкил меди­ҳанд (Рақамҳои зикршуда мувофиқи рӯйхатгирии соли 1979). Қисме аз онҳо (махсусан онҳое, ки дар Осиёи Миёна дер боз зиндагӣ мекунанд) ба ғайр аз забони модарии худ забони ҳамон халқҳои маҳаллиеро медонанд, ки бо онҳо якчоя зиндагӣ мекунанд. За­бони русӣ ба забонҳои маҳаллӣ таъсири калон мерасонад. Забонҳои халқҳои Осиёи Миёна таркиби луғавии худро аз ҳисоби забони русӣ бой кар­да, аксарити истилоҳоти сиёсӣ ва илмию техникиро аз он гирифтаанд. Забони русӣ тадриҷан ба забони байнимиллии халқҳои Осиёи Миёна табдил ме- ёбад. Халқҳои маҳаллии Осиёи Миёна ба воситаи забони русӣ на танҳо бо адабиёт ва маданияти бои халқҳои сермиллати советӣ, балки бо осори маънавии халқҳои тамоми дунё шинос мешаванд.

Таърихи омӯзиши Осиёи Миёна Бо маълумотҳои аввалин оид ба қабилаю халқҳои қадимии Осиёи Миёна дар аксария­ти осори муаррихону географҳои юнонию римӣ Геродот, Ксенофонт, Полибий, Диодори Ситсилиягӣ, Стра­бон, Плутарх, Арриан ва дигар дар асрҳои аввали милод бошад, дар қайдҳои сайёҳони хитоӣ Сюан Сзан. Чжан Сяи, Хой Чао (оид ба сарватҳои табии Осиёи Миёна), дар асрҳои 9—10 дар осори олимон Балозурӣ, Табарӣ, Ясубӣ, Наршахӣ, Ибни Хурдодбей, Ибни Фазлон, Ибни Хавсал, Муқаддасӣ (оид ба таъриху маданият), дар «Ҳудуд-ул- олам» ва ғайра дучор меоем.

Олимони асрҳои 11—12 Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ, Махмуди Қошгарӣ, Юсуфи Баласагунӣ ва дигар дар осори худ дар бораи шаклҳои заминдорӣ, кишту кор, этногенез, муаллими асри 13 Ибни Асир, Ҷувайнӣ, Ибни Батутта роҷеъ ба тарзи зиндагии тоҷикону дигар халқҳои муқимии Мовароуннаҳр маълумот додаанд. Дар асри 13 саёҳони аврупоӣ Плано Карпини, Бил­лем Руюрук, Марко Поло, Клавиҳо баъди сафарҳои худ ба Осиёи Миёна, аврупоиёнро бо тарзи зисти халқҳои ин билод, аз ҷумла тоҷикон мешиносонанд.

Уламои асрҳои 14—15 Рашидуддин, Ҳофизи Абрӯ, Ҳамдуллои Қазвинӣ, Абдурраззоси Самарқанда, Низомуддини Шомӣ, Мирхонд, Хондамир дар осори худ бештар ба масъалаҳои таърих, география ва этнаграфияи халқҳои Осиёи Миёна диққат додаанд. Мероси муаллифи асри 16 Восифӣ, Ҳофизи Таниш, Афзалуддин Фазлуллоҳ, Бобур, Маҳмуди Ғиждувонӣ, Маҳмуди Натанзӣ, Маҳмуд ибни Валӣ дар омӯзиши Осиёи Марказӣ аҳамияти калон доранд. Зумра масъ- алаҳои таърихи Осиёи Миёна дар осори олимони асрҳои 17—18 Муҳаммадюсу- фи Муншӣ, Мирмуҳаммад Амини Бухороӣ, Абдураҳмони Толеъ ва дигар инъикос гардидаанд.

Дар асри 16 байни Осиёи Миёна ва давлати Рус муносибатҳои тиҷоратӣ муқаррар гардида, бо мақсади шиносоӣ бо ин кишвар аз тарафи шоҳони рус як қатор экспедисияю сафоратҳо (Ф. Беневинӣ, А. Ҷенкинсон) ташкил карда мешавад. Баррасии бисёр масъалаҳои таърихи иҷтимоию иқтисодии халқҳои Осиёи Mиёнаpo дар осори муаррихони асри 19 Мухам­мад Ҳакимхон, Абӯтоҳирхоҷа, Мирзошамси Бухороӣ, олиму мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш мебинем.

Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна Ҷамъияти географии рус бо сарварии П. П. Семёнов-Тяншанский дар омӯзишу тадқиқи таъриху ге­ографияи ин кишвар роли калон бозид. Солҳои 70 асри 19 дар Тошкент

Китобхонаи оммавии Туркистон ташкил ёфт. Библиаграфи рус И. И. Межов (иборат аз 416 ҷилд «Маҷмӯаи Туркистон» .мураттаб сохт. Дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 ба ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Помир (А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин), Бухороӣ Шарқӣ (Н. А. Маев, А. П. Карпинский), водии Зарафшон (Л. Л. Кун, К. Г. Залеман), водии Фарғона (Н. А. Северсов, Г. Е. Грум-Гржимайло ва дигар экспедисияҳои сершумори илмӣ ташкил карда шуданд.

Барои тадқиқи ҳаматарафаи Осиёи Миёна ҷамъияҳои махсуси илмӣ таъсис ёфтанд. Дар байни муҳаққиқони таърихи Осиёи Миёна а к адемик В. В. Бартолд, М. С. Андреев ва А. А. Семёнов ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Киш- варшиносони маҳаллии охири асри 19— ибтидои асри 20. Акрамполвон Аскаров, Абӯсаид Махдум, Мирзои Бухороӣ, Хоҷӣ Антиқа, Хоҷӣ Юсуф Мирфаёзов дар тадқиқи таъриху маданияти кишвари худ ҳиссагузорӣ кардаанд.

Омӯхтани Осиёи Миёна пас аз барпо шудани Ҳокимияти Советӣ авҷ гирифт. Дар тадқиқи комллесксии Осиёи Миёна олимони машҳури советӣ Е. Н. Павлов­ский, А. А. Фрейман, С. Ф. Олден­бург, М. М. Дяконов, М. Е. Массон, В.М. Массон, А. П. Окладников, П. Толстов, А. Ю. Якубовский, Г. Ф. Дебес, А. М. Белениский, В. А. Лившис, Б. А. Литвинский ва дигар ҳиссаи арзанда гузоштанд. Хусусан хизмати Б. Ғ. Ғафуров дар тадқиқи таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна ниҳоят калон аст. Барои тадқиқи комплексии Осиёи Миёна борҳо экспедисияи археологию этнографӣ таш­кил карда шуданд.

Дар Тоҷикистон баъди таъсиси (1951) Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш тадқиқи комплексии Осиёи Миёна вусъат ёфт. Олимон 3. Ш. Раҷабов, С. А. Раҷабов, Б. И. Искандаров, А. Мухторов, Н. Неъматов, В. А. Раков, А. Ҷалилов, М. Шукуров ва дигар ба тадқиқи таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон машғуланд.

Очерки таърихӣ. Осиёи Миёна аз қадимтарин марказҳои ҷамъияти инсонӣ мебошад. Ёдгориҳои давраҳои гуногуни ҷамъияти ибтидоӣ, монанди Қарокамар, Оғзикичик,  Шуғнов, Оқтангӣ Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон), Оби Раҳмат, Амон Қӯтан, Ғори Темур, кӯли Комсомол, Тешиктош Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Ӯзбекистон). олотҳои меҳнат, ки аз наздикии шаҳри Красноводск Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Туркистон), Тиёншони Марказӣ, қисми шарқии водии Фарғона ва ғайра ёфт шудаанд, далели онанд, ки аҳо­лии ин мавзеъҳо 200—300 ҳазор сол то милод гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ карда, дар ташаккули одами намуди ҳозира — homo sapiens иштирок кардаанд.

Скелети писарбачаи 12-сола, ки аз ғори Тешиктош ёфт шудааст, нишон медиҳад, ки ма-шғулияти асосии онҳо шикори ҳайвоноти ваҳшӣ буд. Дар ҳазораҳои 30 то ,милод дар қисмҳои тараққикардаи Осиёи Миёна аҳолӣ ба сохти авлодӣ мегузарад. Дар асри нави санг — неолит ва асри сангу мис — энеолит (ҳазораҳои 6—4 то милод) аҳо­лии доманаҳои кӯҳҳои Копетдог ва соҳилҳои дарёи  Аму ба зироаткорӣ ва чорводорӣ мегузаранд. Ёдгориҳои аввалини аҳолии зироаткори ин давра бо номи маданияти Ҷайтун (ҳа­зораҳои 6—5 то милод) маълум аст. Ёдгориҳои ин маданият дар доманаҳои кӯҳҳои Копетдог (Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Туркистон) кашф гардидаанд.

Аҳолии ин ҷойҳо ба ҳунармандӣ (кулолгарӣ, бофандагӣ) низ машғул буданд. Ёдгориҳои дар доманаҳои кӯҳҳои Ҳисор ёфтшуда низ ба давраҳои неолит тааллуқ дошта, бо номи маданияти Ҳисор маълуманд. Ба маданиятҳои энеолит ва асри биринҷӣ маданиятҳои Анов (ҳазораҳои 5—2 то милод) Сафолитеппа, Чуст, Дилварзинтеппа, Замонбобо, Қайроққум, Вахт, Бешкент, Саразм хосанд. Аҳолии давраи маданиятҳои Анов (Намозгоҳтеппа, Қаротеппа, Олтинтеппа, Тохирбойтеппа, Гуксур), Сафолитеппа, Чует, Дилварзинтеппа ва қисман Қайроққум асосан ба зироаткорӣ ва чорводории хоҷагӣ машғул буданд. Маданияти Бешкент ва Вахон танҳо ба территорияи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон хос мебошад. Ба осори ин маданият ёдгориҳои Ариқтов, Тӯлхор, Сои Па­лангон, Ойкул, Ҷаркӯл, Вахш, Мако­ни Мор, Аҳтам Саҳоба ва дигар монанданд.Дар асри биринҷӣ қабилаҳои Осиёи Миёна ба комёбиҳои калон соҳиб шуданд. Зироат ба василаи обёрии суньӣ тараққӣ мекунад, аз сохти модаршоҳӣ ба падаршоҳӣ гузаштан оғоз меёбад, шаҳрҳои калони (масоҳаташон аз 10 то 70 гектар) истеҳкомдор пайдо мешаванд.

Асри оҳан. Дар чоряки аввали ҳазораи 1 то  милод аҳолии Осиёи Миёна коркард ва истифодаи оҳанро омӯхт, ки вай ба­рои тараққиёти минбаъдаи ҷамъият ахамияти калон дошт. Дар Осиёи  Миена ёдгориҳои асри оҳан бисёранд. Бостоншиносон дар ҷануби Тоҷикистон (Қалъаи Мир), дар Помири Шарқӣ, Тоҷикистони Шимолӣ (Қайроққум), Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар ҷойҳо бошишгоҳҳои асри оҳанро ёфтанд. Санаи ташаккули суғдиён, хоразмиён, бохтариҳо ва дигар қавмҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба ҳазораи 1 то милод рост меояд.

Дар охири ҳазораи 2 ва аввали ҳазораи 1 то милод дар Осиёи Миёна сохти чамоаи ибтидоӣ рӯ ба таназзул ниҳода, нахустин давлатҳои ғуломдории Бoxтар, Суғд ва Хоразм пайдо шуданд. Дар миёнаҳои асри 6 то милод қисми зиёди Осиёи  Миёнаро шоҳи Эрон Куруши II истило намуда, онро ба давлати Ҳаҳоманишиён ҳамроҳ кард. Мувофиқи маълумоти муаррихи юнонӣ Ге­родот (асри 5 то милод) Куруши II бо мақсади истило кардани заминҳои қабилаҳои бодиянишин ба вилоятҳои шимоли шарқии Осиёи Миёна лашкар кашид, аммо аз массагетҳо, ки ба онҳо ма­лика Тумириса сардорӣ мекард, ши­каст хӯрд.

Солҳои 329—327 то милод Искандари Мақдунӣ бо душворӣ Осиёи Миёнароро забт намуд. Аҳолии маҳаллӣ ба истилогарон муқобилияти сахт нишон дод. Лашкари Искандар аз ҷумла дар Истаравшан ба муқобилияти сахт дучор шуд. Пойтахти Истаравшан шаҳри Курукада (Ӯротеппаи хозира) баъди муҳосираи дуру дароз ба дасти юнониҳо гузашт. Искандар то наздикии Хуҷанд омада, соҳили чапи дарёи Сирро ба истеҳком табдил дод ва ба он Искандарияи Ақсо ном гузошт.

Ин шаҳр-истеҳком мебоист ҳудуди шимоли шарқии давлати Искандарро аз қабилаи бодиянишини сакоиҳо муҳофизат мекард. Дар ин вақт дар Суӯд ва Бохтар шӯриш cap зад, ки ба он лашкаркаши боистеъдод Спитамен роҳбарӣ мекард. Фақат баъди задухӯрдҳои зиёде Ис­кандар дар Суғд ва Бохтар оромии инсонро ҷорӣ карда тавонист ва тобистони 327 то милод аз дарёи Аму гу- зашта, ба тарафи Ҳиндустон рафт. Баъди марги Искандари Макдунӣ (соли 323 то милод) Осиёи Миёна ба ҳайати дав­лати сулолаи Селевкиён дохил шуд. Дар ин давра бохтариҳо, суғдиҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили давлати Селевкиён муттаҳид шу­данд. Дар миёнаи асри 3 то милод дар қисми ҷануби ғарбии Осиёи Миёна давлати Порт ва дар территорияи Бохтар ва Суғд давлати Юнону Бохтар ташкил ёфт.

Дар байни солҳои 140—130 то милод давлати Юнону Бохтар дар зери фишори иттиҳодияи қабилаҳои бодия­нишини йӯҷиҳо аз байн рафт. Дар асоҳои 2 то милод; дар Осиёи Миёна як қатор давлатҳои ғуломдорӣ (дар шимоли шарқии— Кангюй, дар водил Фарғона — Давон пайдо шуданд. Давраи гул-гулшукуфии маданияти ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна ба асрҳои 1—4 милод— давраи ҳукмронии давлати Кушониён рост мео­яд. Ин давлат дар вилоятҳои ҷануби Осиёи Миёна ба вуҷуд омада буд. Пойтахти давлати Кушониён шаҳри Балх (ҳозира Афғонистони Шимолӣ) буд.

Баъди таназзули давлати Порт (дар нимаи аввали асри 3 милод) вилоятҳои ғарбии Осиёи Миёна ба ихтиёри давлати Сосониён мегузаранд. Дар асри 4 ва 5 милод дар территорияи Бохтар ва Суғд давлати Ҳайтолиён ташкил меёбад, пойтахташ шаҳри Бодиён (Афғонистони Шимолии ҳозира) буд. Давлати Ҳайтолиён пурқувват шуда, ҳатто бо давлати Сосониён рақобат мекард. Дар охири асри 5 —аввали асри 6 ба давлати Ҳайтолиён қариб тамоми вилоятҳои Осиёи Миёна ва ҳатто Қошғару Хутан дохил мешуданд. Давла­ти Ҳайтолиён аз зарбаи қабилаҳои кӯчманчии турк, ки аз Ҳафтруд ба Осиёи Миёна зада даромада буданд, пароканда шуд ва территорияи вай ба Хоқонии турк тобеъ гардид.

Дар ин вақт Осиёи Миёна ба як чанд мулкҳои калону хурд тақсим мешуд, ки онҳоро подшоҳон ва ҳокимони маҳаллӣ идоpa мекарданд. Дар асрҳои 7—8 дар водиҳои Зарафшону Қашқадарё давлати Суғд ва дар вилоятҳои ҷануби Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистони Шимолӣ гурӯҳи давлатҳои Тахористон мавҷуд буданд. Вилоятҳои Хоразм, Истаравшану Фарғона низ мулкҳои пуриқтидор буданд.

Дар аввали асри 8 хилофати араб ба истилои Осиёи Миёна шурӯъ карда, онро бо душворӣ забт намуд. Солҳои 720—722 дар Суғд шӯриши калони зидди ис- тилогарон cap зад. Суғдиён бо ёрии туркони бодиянишин лашкари хи­лофатро шикаст дода, Самарқандро муваққатан озод карданд. Аввалин ҳуҷуми лашкари араб ба Хатлон (ҳозира вилояти Кӯлоб) бо мағлубияти арабҳо анҷом ёфт. Ниҳоят истилогарон Осиёи Миёнаро забт карда, дар ин ҷо зӯран дини исломро ҷорӣ намуданд. Ба аҳолии Осиёи Миёна андозҳои вазнин, аз ҷумла андози сарикасӣ ва дигар ӯҳдадориҳои натуралӣ бор карда шуд. Ҳукмронӣ ва зулму истибдоди хи- лофат ба шӯришҳои сершуморе оварда расонд. Калонтарин шӯриши зидди хилофат шӯриши «сафедҷомагон» буд, ки ба он Ҳаким ибни Хо­шим мулаққаб ба Муқаннаъ роҳбарӣ мекард.

Дар асри 9 Осиёи Миёна аз хилофати араб ҷудо шуд ва дар территорияи он нахустин давлати мустақили тоҷикон — аввал Давлати Тоҳириён ва сонӣ давлати Сомониён ба вуҷуд омаданд. Дар замони ҳукмронии сулолаи Сомониён (асри 9—10) тоҷикон ягонагӣ ва мустақилии сиёсии кишварро таъмин на­муданд, ки ин боиси тараққй кардани қувваҳои истеҳсолкунандаи хочагии қишлоқ, ҳунармандӣ, савдо ва илму маданият гашт. Дар охири асри 10 қисми шарқии Осиёи Миёна ба давлати Қарохониён ва cамти  ҷануби дарёи Аму ба давлати Ғазнавиён дохил шуд. Дар аввали асри 12 Осиёи Миёнаро (қарокидоиён) забт карданд. Аз нимаи дуюми асри 12 cap карда аҳамияти сиёсии Хоразм меафзояд. Ба Хоразмшоҳ Алоуддин Муҳаммади II (1200—20) муяссар шуд, ки қарокидоиёнро аз Мовароуннахр ва Қазоқистони Ҷанубӣ танг карда барорад.

Дар асри 9—10 ташаккули халқияти тоқик ба итмом расид. Ташаккули халқиятҳои ӯзбек, туркман ва дигар халқиятҳои Осиёи Миёна дар асрҳои мин- баъда давом дошт. Асрҳои 9—12 дар Осиёи Миёна муносибатҳои феодалӣ пурра барқарор шуданд. Шаҳрҳои калонтарин — Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Марв, Балх, Нишопур, Урганҷ марказҳои муҳимми иқтисодӣ, маданӣ ва динӣ гардиданд. Як зумра симоҳои барҷастаи илму фарҳанг Форобй, Абуалии Сино. Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Наршахӣ, Носири Хисрав ва дигар то ба арсаи маданияти ҷаҳонӣ баромаданд.

Дар асри 13 водиҳои ободи Осиёи Mиёна ба харобазор табдил ёфтанд. Соли 1219— 20 қӯшунҳои Чингизхон Осиёи Миёнаро забт намуд. Дар ибтидои ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна аҳолии шаҳри Хуҷанд бо сардории Темур малик ба лашкари муғул муқобилияти сахт нишон дод. Соли 1238 дар Бухоро бар зидди истилогарон шӯрише ба амал меояд, ки ба он косиби элакбоф Маҳмуди Торобӣ сардорӣ мекард. Дар асри 14 бошад, дар Осиёи Миёна шӯришҳои калони зиддимуғул ба амал омадаанд, ки ба онҳо Сарбадорон сарварӣ кардаанд. Дар нимаи дуюми асри 14 Осиёи Миёнаро Темур (1370—1405) ба худ тобеъ намуд.

Дар давраи ҳукмронии Темур ва ворисони ӯ дар Осиёи Миёна муносибатҳои феодалӣ ба авҷи тараққиёт расиданд. Феодалон ҳуқуқҳои васеи судию маъмурӣ ва ан- дозгирӣ дошта, амалан ҳокимони мустақил буданд. Ба воситаи истисмори бераҳмонаи аҳолии меҳнаткаш ва ғорат кардани мамлакатҳои ҳамсоя мадрасаҳо, мақбараҳо, масҷидҳо, корвонсаройҳо, пулҳо сохта мешуданд. Пойтахти давлати Темур шаҳри Самарқанд ба маркази калони савдо ва маданият табдил ёфт. Дар ин давра ҳунармандӣ ва савдо тараққӣ мекунад. Шоири машҳури тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ намояндагони барҷастаи адабиёти ин давра буданд. Ҳокими Са­марқанд Улуғбек мактаби маъруфи ситорашиносонро таъсис кард.

Дар аввали асри 16 қабилаҳои кӯчманчии ӯзбек Мовароуннаҳрро забт кар­да, давлати Шайбониёнро ташкил намуданд, ки он баъди аз Самарқанд ба Бухоро (соли 1557) гузарониданд пойтахт (дар замони Абдуллоҳхони II) хонии Бухоро ном гирифт. Дар заминҳои Хоразм бошад, хонии Хева ташкил ёфт. Дар асрҳои 17—18 дар Осиёи Миёна парокандагии феодалӣ авҷ мегирифт. Дар байни хониҳои Бухоро ва Хева доим ҷанг мерафт. Ин ҷангҳо хониҳои Бухоро ва Хеваро суст карда, боиси харобии хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ, савдо, қашшоқшавии деҳқонон ва косибон гардиданд.

Дараҷаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии халқҳои Осиёи Миёна гуногун буд. Дар вилоятҳои аҳолиашон бодиянишин хо- ҷагии натуралӣ ҳукмрон буд. Аҳо­лии муқимӣ бо дехқонӣ машғул буд. Муносибатҳои аграрӣ дар ин давра дар Осиёи Миёна хеле мураккаб буданд. Дар хониҳои Осиёи Миёна чунин шаклҳои заминдорӣ мавҷуд буданд: заминҳои давлати, хусусӣ ва заминҳои муассисаҳои динӣ (вақф). Иҷорагирандагони замин то 40—50% ҳосилро ба соҳибони замин медоданд. Бори андоз ниҳоят вазнин буд. Дехқонон ғайр аз адои андози давлатӣ ба амалдорон ва ҳокимони маҳаллӣ низ андозу хироҷ медоданд, дар сохтмони роҳҳо, қалъаҳо, кандани ҷӯйборҳо ва таъмири онҳо бемузд иштирок мекарданд. Ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон дар Осиёи Миёна то нимаҳои асри 19 вуҷуд доштанд. Адабиёт ва санъат суст тараққӣ мекард.

Солҳои 40 асри 18 ба Осиёи Миёна шоҳи Эрон Нодиршоҳ лашкар кашид, аммо баъ­ди марги вай давлаташ пароканда шуд ва дар Бухоро сулолаи Манғития то соли 1920 ҳукмронӣ кард. Ба ғайр аз аморати Бухоро дар асри 18 хонии Хева ва якчанд мулкҳои мустақили феодалӣ мавҷуд буданд, ки дар байни онҳо ҷангҳои доимӣ мерафтанд.

Дар асри 16 дар инкшофи муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратии хо­ниҳои Осиёи Миёна ва Россия давраи нав оғоз ёфт. Асрҳои 16—17 хониҳои Хеваю Бухоро ба Россия бештар аз 60 ҳайати сафирон фиристода, дар навбати худ 10 ҳайати сафиронро ка­бул карданд. Асри 18 ва нимаи аввали асри 19 муносибатҳои тиҷоратии байни Бухорою Хева ва Россия инкишоф ёфт. Қариб 25% ашёи хоми аз Осиёи Миёна мегирифтагии Россияро пахта ташкил медод. Дар худи соли 1862 аз Осиёи Миёна ба Россия 343 ҳазор пуд пахта бароварда шуд. Дар ин давра талаботи саноати Россия (махсусан баъди бекор кардани ҳуқуқи крепостной) ба ашёи хом, махсусан пахта меафзуд ва онро мебоист аз Осиёи Миёна мегирифт.

Дар он солҳо ҳукуматдорони англис ҳам мақсади ба худ тобеъ кардани Осиёи Миёнаро доштанд. Дар натиҷа масъалаи Осиёи Миёна боиси кашмакашии дип­ломатии Россияю Англия гардид. Ниҳоят Россия солҳои 60 асри 19 ба Осиёи Миёна лашкар кашид ва аз зиддияти байни хонии Қӯканду аморати Бу­хоро истифода бурда, қисми зиёди хонии Қӯқанд ва як қисми территорияи Бухороро ишғол кард ва соли 1867 генерал-губернатории Туркистонро таш­кил дод. Аз рӯи шартномаи соли 1838 аморати Бухоро истиқлолияти худро аз даст дода, ихтиёран ба Рос­сия дохил шуд. Соли 1873 хонии Хева ҳам ба Россия ҳамрох шудани худро эътироф кард. Россия аз кашмакашҳои дохилии хонии Қӯқанд истифода бурда, соли 1876 онро пурра барҳам дод. Баъзе қисмати Туркманистон дар натиҷаи экспедисияи Ахалтекин (1880—81) ба Россия ҳам­роҳ шуд.

Соли 1884—85 Атрек, Таҷап. Марв ва ноҳияи Панд ихтиёран ба ҳайати Россия дохил шуданд. 10 сентябри 1885 дар Лондон намояндагони ҳукумати Россия ва Англия прото­колеро имзо карданд, ки мувофиқи он ноҳияи Панд то дарёи Кушка ба Россия гузашт. 27 августи 1895 байни Россияю Англия шартномаи дигаре ба имзо расид, ‘ки мувофиқи он сархади байни Россияю Афғонистон дар Помир муайян карда шуд: заминҳои тарафи чапи дарёи Панд, ки аз бекиҳои Рушон, Шугнон ва Дарвоз буданд ба Афғонистон ва заминҳои тарафи рост ба аморати Бу­хоро гузаштанд.

Ба Россия ҳамрод гардидани Осиёи Миёна ба тараққиёти иқтисодиёти ин кишвар такон дод. Ҷангҳои пай дар ҳаме, ки байни давлатҳои Осиёи Миёна  мешуду хоҷагиҳоро хароб мокард, хотима ёфтанд. Мувофиқи шартномаҳои соли 1873, ки Россия бо амири Бухоро ва хони Хева имзо кард, дар ин сарзамин ғуломхарию ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд. Xоҷагии қишлоки Осиёи Миёна бa манбаи ашёи хоми саноат, асосан пахта, табдил дода шуд. Дар баробари та- раққиёти пахтакорӣ дар Осиёи Миёна заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, хӯрокворӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ ба вуҷуд (меомаданд, ки ин ба ташакку- ли пролетариати маҳаллӣ замина ба вуҷуд овард. Барои тараққиёти му- носибатҳои молию пулӣ дар Осиёи Миёна сохтмони роҳи оҳан Закаспий (1880—89), пайвастани роҳи оҳани Тошкент—Оренбург (1905), сохтани роҳи оҳани дар водии Фарғона ва аморати Бухоро (1910—16) аҳамияти калон дошт.

Баробари ҷиҳатҳои мусбати объек­тивӣ ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дошт. Хукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна  тартиботи мустамликавиро ҷорӣ намуд. Дар аморати Бухоро ва хонии Хева ҳу- кумати подшоҳӣ тартиботи пештараи иртиҷоии феодалиро дастгирӣ мекард. Ҳукумати подшоҳӣ синфи дорои Осиёи Миёнаро дастгирӣ намуда, инчунин бо мақсади ба худ пайдо кар­дани такягоҳ маҳалҳои руснишинро ташкил медод.

Солҳои 90 асри 19 дар кишвари Туркистон шумораи маҳал­ҳои руснишин ба 44 расид. Манфиатҳои миллӣ ва иқтисодии халқҳои маҳаллӣ ба инобат гирифта на-мешуд. Зулму истибдод давом мекард. Ин ҳолат боиси шуришҳои калони халқӣ, ба монанди шуришҳои Хуҷанд (соли 1872, 1880), Ӯротеппа (1873, 1875, 1880), калонтарин шӯриши деҳқонон дар Бухорои Шарқӣ бо сардории Восеъ (1885—87), ҷунбиши калон дар Ташкент (1892), калонта­рин ҳаракати милии озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (шӯ­риши 1916 ва ғайра) гардид.

Баробари ба давраи империализм дохил шудани Россия дахолати ка­питали рус ва хориҷа ба иқтисодиёти Осиёи Миёна авҷ гирифт. Қариб дар тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухорою Хева шӯъбаҳои банки давлатӣ ва банкҳои шахсӣ кушода шуданд, коркарди нефт ва ангишт оғоз ёфт. Вале қатъи назар аз ҳамаи дигаргуниҳои иқтисодӣ Осиёи Миёна нисбат ба маркази Россия чун мамлакати аграрӣ — мустамликавӣ, манбаи ашёи хоми саноат ва бозори фурӯши маҳсулоти саноат мондан гирифт.

Ғайри чашмдошти ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони Бухорою Хева ба ҳам наздикшавии сиёсӣ ва мадании халқҳои маҳаллӣ ва коргарони рус, зиёиёни демократ ва деҳқонони муҳоҷир ба вуҷуд омад, ки ин аҳамияти калон дошт. Маърифатпарвар, мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик Аҳмади Дониш (1827—97), ки се маротиба ба Россия сафар кардааст дар асари худ «Наводир-ул- вақоеъ» қафомонии иқтисодӣ ва мадании иморатии Бухороро танқид карда, зарурати наздикшаӣ ва дӯстии халқҳои Бухоро ва Россияро ташвиқ менамуд. Меҳнаткашони Осиёи Миёна аз як тараф аз маданияти демок­ратии халқи рус хабардор мешуданд, аз тарафи дигар ба муборизаи револютсионии пролетариати рус ҳамраъйӣ мекарданд.

Меҳнаткашони Осиёи Миёна ва рус дар симои ҳукумати подшоҳӣ душмани ягонаи худро медиданд. Махсусан коргарони маҳаллие, ки бо коргарони рус кор мекарданд дар ҳаракати револютсионии пролетариати рус фаъолона иштирок доштанд. Ба ин баромадҳои коргарон дар роҳи оҳан Закаспий. Қӯқанд ва Самарканд, ки солҳои 90 ба вуҷуд омада буд, мисол шуда метавонад. Дар солҳои 1903—05 дар як қатор шаҳрҳои Осиёи Миёна кружокҳои сотсиал-демократ ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо револютси­онерони маҳаллӣ низ фаъолона иштирок мекарданд. Дар солҳои 1905—07 Осиёи Миёнаро ҳам ҳаракати револютсионӣ фаро гирифт, ки он қисми таркибии Револтсияи 1905—07 рус буд.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар таърихи халқҳои Россия давраи нав кушод. Онҳо маҳз ба шарофати ҳамин револютсия аз зулми миллӣ ва мустамликавӣ озод шуданд. Меҳнаткашони Осиёи Миёна бо кӯмаки пролетариати рус аз ноябри 1917 то марти 1918 дар кишвари Туркистон ва маҳалҳои руснишини Бухорою Хева Ҳокимияти Советиро ташкил намуданд. 30 апрели 1918 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон ташкил шуд. 2 феврали 1920 дар Хева, 2 сентябри 1920 дар Бухоро револютсияи халқӣ ғалаба кард. Дар натиқа Республикаи Халқии Сове­тии Хоразм (30 апрели 1920) ва Рес­публикаи Халқии Советии Бухоро (8 октябр 1920) ташкил шуданд.

Солҳои 1923 Республикаи Халқии Сотсиалистии Хева ва 1924 Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро ба республикаҳои сотсиалистӣ табдил ёфтанд. Аксари кулли аҳолии Осиёи Миёнаро деҳқонони камзамин ва безамин таш­кил медоданд. Бинобар ин солҳои 20 дар Осиёи Миёна ислоҳоти замину об гузаронида шуд.

Соли 1924 тақсимоти миллию давлатии республикаҳои Осиёи Миёна  гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1924), Республикаи Со­ветии Сотсиалистии Туркманистон (1924), Республикаи Советии Сотсиа­листии Тоҷикистон (1929; аз соли 1924 Республикаи автономӣ) ва Респуб­ликаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон (1936, аз 1924 вилояти Қароқирғиз, аз 1926 Республикаи автономӣ) ташкил ёфтанд. Халқҳок Осиёи Миёна баъди индустриякунонӣ,  коллективонидани хоҷагии қишлоқи ва револютсияи маданӣ давраи капитализмро аз cap нагузаронида, аз феодализм бевосита ба сотсиализм гузаштанд ва ҳоло якҷоя бо дигар халқҳои ватанамон дар оилаи ягона баҳри сохтмони ҷамъияти коммунистӣ меҳнат мекунанд.

Адабиёт: Владимир Илич Ленин о Средней Азия в Казахстане, Ташкент, 1900; Народы Сред­ней Азии и Казахстана, том1—2, Москва, 1902—03; Массон В. М.. Средняя Азин и Древний Восток, Москва— Ленинград, 1904; X а л ф и н Н. А., Присоединение Средней Азии к России (00—90-е гг. XIX в.), Москва, 1905; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972; К социализму, минуя капитализм. Исторический опыт КПСС по социалисти­ческому строительству а Средней Азии и . Казахстане в 1917—1937 гг., Москва, 1974; Торжество ленинских идей пролетарско­го интернационалиама. На материалах республик Средней Азии и Казахстана 1917—1972 гг.. Москва, 1974; Негматов Н.. Государство Саманидов, Душанбе, 1978.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …