Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Осиёи Марказӣ

Осиёи Марказӣ

Осиёи Марказӣ, кишвари табииест дар қитъаи Осиё. Масоҳат қариб 6 миллион километр2. Сарҳади Осиёи Марказиро дар Шимоли ҷанубии Хингани Калон ва қаторкӯҳи Тайханшан, дар Ҷануб пастхамии тектоникии болооби дарёҳои Ҳинд ва Брадмалутра (Сангпо) ташкил медиҳанд. Канорҳои ғарбӣ ва шимолиаш то қаторкӯҳҳои Қазоқистони Шарқӣ, Олтой, Саяни Ғарбӣ ва Шарқӣ (тақрибан то сарҳади байни СССР ва Республикаи Халқии Хитой, Республикаи Халқии Муғулистон) кашол ёфтаанд. Дар Осиёи Марказӣ қисми зиёди Хитой ва Республикаи Халқии Муғулистон ҷой гирифтаанд. Аҳолиаш: муғулҳо, хигоиҳо, уйгурҳо- тибетиҳо ва ғайра.

Релефи Осиёи Марказиро ҳамворию паҳнкӯҳҳои синну баландиҳояшон гуногуне ташкил медиҳанд, ки онҳоро қаторкӯҳҳои баланд иҳота кардаанд. Аз ҷиҳати геоморфологӣ тамоми Осиёи Марказиро ба 3 минтақаи аз Fарб ба Шарқ тӯл кашида тақсим мекунанд: 1) Шимолӣ, минтақаи кӯҳӣ, ки системаи кӯҳҳои Тиёншон, Олтойи Муғул, Хангай ва Хэнтейро дарбар мегирад. Дар байни кӯҳҳо пастхамии фарохи Ҷунгария, хамии кӯлҳои Калон ва ғайра ҷой гирифтаанд. 2) Мобайнӣ, минтақаи ҳамвориҳо, ки аз сатҳи баҳр 1—1,5 ҳазор метр баланд аст (пастхамиҳои Гоби, Та­рим ва ғайра). Пастхамии Тарим биёбони Такла-Маконро дарбар меги­рад. 3) Осиёи Марказии  Баланд — кӯҳсори Тибет, ки дар он баландиҳои 4—5 ҳазор-метра бештаранд. Системам кӯҳҳои калонтаринаш: Кунлун дар Шимол, Қароқурум дар Fарб, Гандисишан дар Ҷануб ва кӯҳҳои Чину Тибет дар Шарқ Дар қӯҳҳои Тиёншон, Қароқурум ва Кунлун қуллаҳо то ба в—7 ҳазор метр мерасанд.

Сарватҳои зеризаминии Осиёи Марказӣ пур­ра омӯхта нашудаанд. Дар шимоли ғарби Хитой конҳои калони нефту ангиштсанг, дар Республикаи Халқии Муғулистон  ангиштсангу ангишти бур ва маъдани оҳан ёфт шу­даанд. Осиёи Марказиро аз металлҳои нодир ва ранга, намаки ош ва дигар сарватҳои зеризаминӣ бой аст.

Иқлими Осиёи Марказӣ ниҳоят континентӣ ва хушк аст. Ҳарорати миёнаи январ дар ҳамвориҳо аз —10 то —25° Селсия, июл аз 20 то 25° Селсия (дар кӯҳсори Ти­бет қариб 10° Селсия). Боришоти солона дар ҳамвориҳо аз 200 миллиметр зиёд нест, дар баъзе ноҳияҳо (биёбони Такла- Макон, Гашун, Гоби, Сайдам, пуш- такӯҳи Чангтан) 50 миллиметр; дар қаторкӯҳҳо 300—500 миллиметр; дар Ҷануби Шарқ аз таъсири муссонҳои тобистона то 1000 милиметр. Шамолҳои сахт мевазанд.

Пиряхдои ва чандон калон асосан дар баландтарин банди кӯҳҳои Қароқурум, Кун­лун, инчунин Тиёншони Шарқӣ ва Олтойи Муғул мавҷуданд. Дарёҳои калони Осиё: Хуайхэ, Янсзи, Меконг, Салуин, Браҳмапутра, Ҳинд, Иртиш, Селенга, Амур аз кӯҳҳои капори Осиёи Марказӣ cap шуда, оби худро ба уқёнус мерезанд. Масоҳати ҳавзаи обҳои дохилӣ хеле калон аст. Як қисми дар- ёҳои ин ҷо то кӯлҳо кашол меёбанд, оби қисми дигарашон дар биёбонҳои регзор қатъ мегардад ё пурра ба обёрии заминҳо сарф мешавад. Дарёҳои доимии ин ноҳия: Тарим, Хутан, Оқсу, Кончидарё, Урунгу, Манас, Кобдо, Дзабхон. Кӯлҳо бисёранд. Оби бештари онҳо шӯр, аз кӯлҳои шириноб калонтаринашон: Хараус-Нур, Баграшкӯл, Хубсугул.

Хоки территорияи Осиёи Марказӣ бештар ҷигарранг, хокистаррангу бӯр ва ғайра. Шӯрзаминҳо ва тақирҳо бисёранд. Набототаш биёбонию нимбиёбонӣ ва даштӣ. Асосан растаниҳои буттагӣ — зағоза, ҷузғун, рента, ҷорӯбак, ковилу типчоқ ва ғайра мерӯянд. Дар нишебии шимолии кӯҳҳо бешаҳои сӯзанбарги дарахтони ладен, коҷ, шарбин, дар водии дарё ва воҳаҳои наздикӯҳӣ туғайзори дарахтони санҷид, сафедор, ангат, дар соҳили обанборҳо наю қамишзорҳо дида мешаванд. Олами ҳайвоноти Осиёи Марказӣ : гажгов, бузу гусфанди кӯҳӣ (дар кӯҳсори Тибет), шутур, гӯрхар, аспи Пржевалский, ғизол, заргуш, сугур, кӯрмуш; аз даррандагон — рӯбоҳ, гург ва ғайра.

Тадқиқи мунтазами илмии Осиёи Марказӣ аз асри 19 cap шуд. Дар ин бобат ҳиссаи сайёҳону тадқиқотчиёни рус, махсусан Н. М. Пржевалский ка­лон аст. Пржевалский ҷойҳои то ҳол номаълуми Осиёи Марказиро омӯхт. Ӯ пиёда ва аспсавору шутурсавор беш­тар аз 30 ҳазор километр роҳро тай намуд. Асарҳои Н. М. Пржевалский барои омӯхтани табиати Осиёи Марказӣ низ хеле муҳим буданд. Дар давоми чор саёҳати худ (1870-—8о) ӯ масоҳати бузургеро аз кӯҳҳои Тиёшион дар Fарб то қаторкӯҳи Хингани Калон дар Шарқ, аз Забайкалия дар Шимол то миёнаҳои Тибет дар Ҷануб тадқиқ кардааст.

Вай қаторкӯҳҳои то он вақт номаълумро кашф кард, бисёр кулҳо, инчунин болооби дарёҳои Хуанхэ ва Янсзиро тадқиқ намуд, аввалин харитаи ани­қи ҷойҳои тайкардаашро тартиб дод. Тадқиқоти Осиёи Марказиро сайёҳони рус давом доданд. П. К. Козлов қаторкӯҳи то ҳол номаълумеро дар байни бо­лооби дарёҳои Меконг ва Янсзи кашф кард, ки он Ҷамъияти географии рус номида шудааст. Ӯ дар Гоби харобаҳои шаҳри Хара-Хоторо ёфт. Ҳангоми кофтуков аз ин ҷо бисёр даст-хатҳои қадима ва ёдгориҳои рассомию ҳайкалтарошии асрҳои миёна пайдо шуданд. Дар тадқиқи Осиёи Марказӣ ҳиссаи олимони советӣ низ калон аст.

Адабиёт: Синицын В. М., Центральняя Азия, Москва. 1959; Петров М. П., Пусты­ни Центральной Азии, том 1—2, Москва— Ленинград. 1966—67.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …