Маълумоти охирин

Осиё

Осиё, о с и ё б, дастгоҳест, ки дар он алладонаро орд мекунанд. Орд кардани ғалла аз давраи палеолит ин ҷониб маъмул аст. Дар аҳди ца­дим одамон ғалларо бо дастос орд мекарданд.

Дертар шаклҳои гуногуни Осиё (бо­дӣ, обӣ, олавӣ) ба вуҷуд омаданд. Пештар дар территорияи Точикистон Осиёи обӣ бештар маъмул буд. Ҳаҷми Осиё ба миқдори об, баландии «обпарто» вобаста аст. Барои Осиёҳои ҳаҷман миёна дар 1 сония то 250 литр об лозим. Осиё чун обҷувоз дар хонаи алоҳида аз об якчанд метр поёнтар сохта мешавад. Об аз ҷӯйбор бо нова ба чархи Осиё ҷорӣ мешавад. Нова тақрибан 5—6 метр дарозӣ дошта даҳанаш назар ба нӯгаш васеътар сохта шудааст, то ки оби зиёде якбора ба нова рехта, босуръат ба поён ҷорӣ шавад. Дар вақти даркор набудани об шова — дарғоти Осиёро кушода обро ба дигар тараф cap медиҳанд.

Чархи Осиё аз 32 парра иборат буда (дарозии ҳар кадомаш 50 сантиметр), ҳангоми ба болои онҳо рехтани об чарх ба ҳаракат медарояд. Чарх аз қисми тирдор — гупчак низ иборат аст. Дар қисми болои гупчак наро­ҳан (ғафсиаш 2—3 сантиметр, паҳниаш 5—6 сантиметр, дарозиаш 60 сантиметр) меистад. Наро- ҳан аз сӯрохии санг мегузарад, ки қисми охирини болои он аз пластинаи махсуси оҳанин —б а қ а ибо­рат аст.

Дар рӯи бақа болосангро мемонанд ва ғалла аз байни сангҳо фуромада, ба орд мубаддал мешавад. Дар қисми поёни гупчак т у р м — стержени чӯянин (дарозиаш 25 сантиметр) воқеъ гашта, қисми поёнии он дар рӯи «пошна» ва пошна дар рӯи моҳичӯб меистад. Қисми пеши моҳичӯбро ба рӯи болиштак гузошта, ну­ги дигарашро ба мардакчӯб, ки дастаи он аз фарши хона каме баландтар меистад, мепайванданд. Ҳангоми ба рафти ақрабаки соат тоб додани гӯшаки мардакчӯб болосанг ба таҳсанг ҷафстар шуда, ғалларо маҳин орд мекунад.

Санги Осиёро одатан устоҳои сангтарош месозанд. Сангҳо вобаста ба шароити маҳал ва ҳаҷми Осиё аз 200— 300 то 700—800 килограмм вазн доранд. Санг дар мобайн сӯрохие дорад ва ғалла тавассути чаноқ аз дӯл ба ин сӯрохӣ мерезад. Нӯгро аз тахта месозанд ва он 120—150 килограмм ғалла мебарад. Барои он ки ғалла ба як маром аз чаноқ ба сӯрохии санг резад, аз шохаи дарахт чақилдоқ сохта, як нӯги онро ба чаноқ мепайванданд; нӯги дигари чакилдоқ бошад, бевосита ба санги Осиё расида меистад. Ҳангоми давр задани санг чақилдоқ чаноқро ба ларза медарорад ва аз чаноқ ба сӯрохии санг муттасил ғал­ла мерезад. Орд дар хамба ҷамъ ме­шавад. Дар натиҷаи пешрафти техни­ка ҷои онро тадриҷан Осиёҳои электрии пуриқтидори замонавӣ гирифтанд.

Дар Осиёҳои ордкашии элект­рик ҳозиразамон ғалла аз нақлиёти автомобили, роҳи оҳан ва обӣ тавассути дастгоҳҳои механикӣ ва пневматикӣ қабул карда мешавад. Ғалладонаро аз рӯи навъ ва сифат дар элеватор (анбор)-ҳо ҷой менамоянд; ғаллаи аз зараррасонҳо осебдидаро алоҳида нигоҳ медоранд. Ғалларо пеш аз ордкашӣ дар шӯъбаи донтоз а к у инӣ бо ёрии сепараторҳо, триемҳо ва аппаратҳои магнитӣ аз ҳар гуна омехстаю ифлосиҳо тоза мекунанд. Ғалла дар ш ӯ ъ б а и ордкашӣ аз 3 амалиёти асосӣ ме­гузарад; ярмаи дурушт, ярмаи маҳин ва орд. Ғалларо дар дастгоҳҳои валсовӣ, ки мошинҳои безанда (ғаллаи майдашударо аз рӯи дуруштӣ ва сифат ба навъҳо чудо мекунанд) бо онҳо пайвастанд, ярма мекунанд. Аз ярмаи дурушт баъди дар даст­гоҳҳои валсовӣ майда кардан маҳсулоти нисбатан маҳин — дунст ҳосил мешавад. Аз он орд мекашанд.

Ордро мошин дар шуъбаи истеҳсолӣ ба халтаҳо рехта, ба таври автоматӣ бармекашад. Дар ҷараёни истеҳсолот қариб 30 навъи мошинҳои гуногун иштирок макунанд. Илова бар ин, ғалла дар корхонаҳои иқтидорашон миёна аз вақти ба элеватор қабул кардан то ба шуъбаи истеҳсолӣ дохил шудани орд 5 километр роҳро тай мекунад.

Дар Осиёи ордкашии Электра энергияи электр ба андозаи зиёд (ба ҳар як коргари истеҳсолот 8—10 киловатт рост меояд) сарф мешавад. Ҷараёни истеҳсолот механиконида шудааст ва муттасил кор мекунад. Хароҷоти умумии энергия дар Осиёи ордкашии электрӣ дар як сол ба даҳҳо миллион килоВатт.-сония мерасад. Масалан, барои тавассути элеватори ғунҷоишаш 100 ҳазор тонна дар як шаборӯз орд кардани 800 тонна ғалла ва ба воситаи дастгоҳҳои пнев­матикӣ аз баржа фаровардани дон дар як сол қариб 125 миллион килоВатт.-сония энер­гия сарф мешавад. Осиёҳои ҳозира бо нақлиёти пневматикӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд.

Адабиёт: Зворыкин К. А.. Курс по му­комольному производству, Харьков, 1894; Технология мукомольного производства] Москва, 196-1; Наваров К., Зерно и его пе­реработка в народной технике Северного Таджикистана!, «Ученые записки ЛТП И имени С. М. Кирова», в. 6, Ленинабад, 1958.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …