Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Осимов Муҳаммад

Осимов Муҳаммад

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович, тахаллусаш Осимӣ (таваллудаш 1.9.1920, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), файласуфи совети то­ҷик, доктори илми фалсафа (1971), профессори (1971), аъзо-корр. АФ СССР (1974), акад. АФ РСС Тоҷ. (1965), Ходими Хизматнишондодаи Илми РОС Тоҷ. (1078). Аъзои КПСС азс. 1945. С-ҳои 1934— 37 дар рабфаки ш. Ленинобод таҳсил карда, 1941 шӯъбаи физикаю математикам Университети давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро хатм намудааст.

Солҳои 1941—1946 дар сафи Армили Советӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1946 — 1952 сармуаллим, мудири кафедраи физика ва ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимии Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1952—1955 аспирант АИҶ- и назди КМ КПСС, 1956—1962 ректори Иниверситети политехникии Тоҷикистон, феврал— ноябри 1962 вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон, 1962—1965 раисн Ко­митет назорати партиявии давлатӣ, Котиби КМ ПК Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Совет Вазирони РСС Тоҷикистон. Аз соли 1965 президенти АФ РСС Тоҷикистон.

О. роҷеъ ба масъалаҳои фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, таърихи илм, адабиёт як қатор асарҳо ва мақолаҳо навиштааст. Ӯ баъзе проблемаҳои фалсафии физикаи муосирро дар заминаи омӯзиши таърихи такомули мафҳуми материя тадқиқу таҳқиқ кардааст. О. дар таълифоти худ баробари таҳқиқи қонунҳои та­раққиёти таърихи фалсафа. ҷараёни ташаккул ва такомули афкори илмию фалсафии халқҳои Шарқро таҳлилу таркиб карда, ба хулосаҳои ҷолиби диққат омадааст (аз ҷумла дар Шарқ вуҷуд доштани мактаби ато­мистика» материалистиро собит кар­дааст, ҷиҳатҳои нави робитаҳои дерини фарҳангии Шарқу Ғарбро ошкор сохтааст ва ғайра). О. инчунин, масъалаҳоеро тадқиқ кардааст, ки ба алоқаи илму ҷамъият, илму истеҳсолот, мавқеи таърихи баъзе арбоби илму адаби тоҷик, методологияи танқиди анткоммунизм ва «совето­логия» оиданд. О. дар тарҷумаи китобҳои дарсй иштирок карда, ба ташаккули истилоҳоти илмии тоҷикӣ пайваста ҳиссаи калон гузоштааст. У вакили съездҳои 24, 25 ва 26-уми КПСС мебошад. Депутати Совет»

Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—11), аъзои KlM ПК Тоҷикистон (аз соли 1962). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ре­волютсияи Октябр, Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1), Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти байналхалқии ба. номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1980).

Ас.:     Асари барҷастаи философияи марксистӣ (дар бораи асари В. И. Ленин «Материализм ва эмпириокритицизм»), Д., 196(Г: Нахустин дорулфунуни мо.Д., 1/961; Материя ва тасвири физикии олам, Д., 1966; Пайдоиш ва ташак- кулк тафаккури фалсафӣ, Д., 1970; Амир Хусрави Дехлавй Д., 1976; Ис­следование этнической истории древиеи Центральной Азии в советской науке, М., 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …