Маълумоти охирин

Ошхона

Ошхона, қароргоқи одамони асри санг, ки дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Паси Олой, дар соҳили шохоби чапи дарёи Уйсу — дар Ошхонаҷилга ва 15 километр дуртар аз пиряхи Уйсу, 30 километр дуртар аз қуллаи Ленин воқеъ аст. Солҳои 1958—60 бостоншиноси советӣ В. А. Ранов кашф намуд ва омӯхт, 1974—75 В. А. Жуков тадқиқоти онро давом дод. Аз рӯи мавқеи географӣ Ошхона баландтарин қароргоҳи одамони асри санг ба шумор меравад. Қароргоҳ дар доманаи сангтӯдаҳои баланди давраи охирини яхбандӣ ҷойгир аст.

Қабатҳои маскун дар суфачаи якуми соҳили дарё, дар қабати 1,5 метр гили регдор боқӣ мондааст. Ҳамагӣ се қабатӣ маскун кушода ва аз онҳо зиёда аз 4 ҳазор ашё ёфт шудааст. Помириҳои қадим асосан аз регсанги кварситшакл, инчунин аз чақмоқсанг, кварсит ва бӯлури кӯҳӣ олот тайёр мекардаанд. Тарзи тайёр кардан ва олоти Ошхона аз олоту усули тайёр кардани он дар минтақаҳои пасткӯҳ ва водиҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад. Дар Ошхона тарзи қадимтарини палеолитии тайёр кардани олот (тарошкордҳои дағали теғаш росту барҷаста, белчакордҳо ва ғайра) ба назар мерасад, ки ба давраи маданияти мезолитӣ ва ҳатто ба маданияти неолитӣ (нуклеусҳои май­да, пайконҳои сангин ва ғайра) хос аст. Дар натиҷаи омӯхтани бозёфтҳои Ошхона муайян гардид, ки онҳо ба ҳазораҳои 8—5 то милод мансубанд.

Дар қабатҳои маскун оташдонҳо боқӣ мондаанд, ки дар атрофи онҳо бозёфтҳои археологӣ ҷамъ шудаанд. Ба ғайр аз олоти сангин, ки қисми асосии бозёфтҳоро ташкил медиҳад, инчунин олоти устухонӣ ва якчанд марҷонҳои устухонӣ ёфт шудаанд. Устухони ҳайвонҳои ҳозира: оҳу, суғур, заргӯш, инчунин устухони мурғон дучор мешаванд. Материалҳои Ошхона, ки ба маданияти Маркансуи По­мири Шарқӣ мансубанд, барои омӯзиши таърихи маскуншавии одамони ибтидоӣ дар кӯҳҳои Осиёи Миё­на ва дигар районҳои минтақаи кас- ногузари баландтарини қаторкӯҳҳои Осиё аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …