Маълумоти охирин

Ошуро

Ошуро (10-уми муҳаррам), яке аз маросимҳои мотамии равия шиа, ки ба хотири дар Карбало 10-уми муҳаррами соли 61 ҳазора (10 октябр 680 милод) кушта шудани писари Алӣ имом Ҳусайн қайд карда мешавад. Ошуро асосан ихтилофоти манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни синфи ҳукмрони он замонро нишон медиҳад. Шиаҳо ҳар сол ба ёди ин фоҷиа азодорӣ мекунанд. Онҳо рӯзҳои аввали Ошуро, алалхусус, 10-уми муҳаррам, ҷамъомадҳои калони мотам барпо менамуданд.

Аз навҳаҳои ҳазини марсияхонҳо мардум ба ҳаяҷон омада, гурӯҳи мутаассибон «шоҳ Ҳусайн, воҳ Ҳусайн» гуён синазанӣ менамуданд, тан ва сари худро бо занҷиру шамшер захмдору маҷрӯҳ карда фиғон мебардоштанд. Барои ҳозирон таомҳои махсус (ошурӣ) тайёр карда мешуд. Руҳониён ва давлатдорон ин маросимро одатан барон гумроҳ намудани мардум ва авҷ гирондани таассуби динию мил­лӣ, дар замонҳои охир бошад, барои мубориза бар зидди ҳаракати револютсионӣ истифода менамуданд. Шаклҳои даҳшатовари Ошуро дар рес­публиками Шарқи Советӣ кайҳо барғам хӯрдааст. Дар Шарқи хориҷӣ бошад, заминаҳои муҳимми Ошуро ва таассуби динӣ арчанд ки маҳдудтар шудааст, ҳанӯз боқист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …