Маълумоти охирин

Ошкаду

Ошкаду, палавкаду (Gucur bita реро), растании яксолаи полизии маъмулест аз оилаи кадуиҳо. Палакаш дароз (2—10 метр), ширрадор, баргаш 3—5-парра, гулаш калон (ди­аметраш 7—10 сантиметр), қиф ё зангулашакли зард, мевааш калон, норанҷӣ, сабз, зард ё сафедтоб ва шаклаш хеле гуногун мешавад; тухмаш зардтоби сафед. Навъи машҳури каду аст. Дар заминҳои обӣ мекоранд.

Моҳҳои июн—июл гул мекунад, ҳосилаш то ноябр мепазад. Аз Ошкаду таомҳои гуногуни болаззат мепазанд. Хеле серғизост. 4—11% қанд, витаминҳои А, С, тухмаш 38,5% равған дорад. Донаашро дар тиб чун воситаи нест кардани киҷҷа истифода мебаранд.

Адабиёт: Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана. Душанбе 1967.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …