Маълумоти охирин

Ошиқи Турбатӣ

Ошиқи Турбатӣ (соли таваллуд  номаълум — вафот 1567, Турбат), шоири форс-тоҷик. Аз марду­ми авоми Турбат буд. Ба қавли тазкиранависон Ошиқи Турбатӣ марди бесавод буда, дар шеъру шоири ҳаваси зиёд дошт; ҳатто дар 90-солагӣ аз шеър гуфтан даст накашидааст ва «чунон ҳавасаш дар паи шеър гуфтан буда, ки дунболи ҷанозан бародараш ҳам дар фикри шеър буд». Ӯ аксар ғазал месурудааст. Девони ашъораш дорои 15000 байт будааст. Ин матлаъ на­мунае аз шеъри уст:

Гоҳи қатлам шӯълаи шамшерн он _ _ „          котил бас аст,

Шарбати обе зи теғи ӯ дами бисмил бас аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …