Главная / Без рубрики / Ошиқи печон

Ошиқи печон

Ошиқи печон, гули ошиқи печон, ишқандарпечон, печак, ашада, (Pharbitis), чин­си гиёҳҳои яксолаест аз оилаи печакиҳо. Пояи печони дароз (4—7 метр), барги дилшакли пай дар пай ҷонгирифта, гули калони (диаметраш қа­риб 9 сантиметр) қифшакли қирмизӣ, гулобӣ, бунафш, кабуд, сафед ва ғӯзамева дорад.

4 намудаш дар Америкаи тропикӣ мерӯяд. Дар аксари мамлакатҳо чун растании ороишӣ парвариш мекунанд. Дар боғҳои ботаникии Тоҷикистон ду намудаш (Ph. purpurea ва Ph. rubrocaerulea) аз соли 1945 кишт мешавад. Дар Душанбе аз охири июн то сармо, дар Хоруғ бошад, аз июл то август гул мекунад. Тухми Ошиқи печонро дар охирҳои март ва аввали апрел кишт мекунанд. Ошиқи печон дар мардуми шарқ, аз ҷумла байни тоҷикон аз қадим маъмул аст.

Адабиёт: Полетико О. М., М и ш е н- и о в а А. П., Декоративные травянистые растения открытого грунта. Ленинград, 1967.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …