Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ошиқ Оқомуҳаммад

Ошиқ Оқомуҳаммад

Ошиқ (тахаллус; номаш Оқомуҳаммад; 1686—1764), шоири эронӣ. Дар Исфахон ба дунё омада, дар ҳамин шаҳр таҳсили илм кардааст. Илова бар шеъргӯӣ Ошиқ хайётӣ ҳам мекард ва бо музди ин пеша таъмини маишат менамуд. Ошиқ чунон ки тазкиранависон ва худаш дар баъзе шеърҳояш гуфтааст, дар қашшоқӣ умр ба cap мебурд.

Ошиқ қасида, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд ва қитъаоте дорад, ки дар девони ашъор ҷамъоварӣ шудаанд. Дар ғазал эҷодиёти Саъдиву Ҳофиз, дар рубоӣ шеваи Хайёмро пайравӣ кардааст. Мавзӯи ғазалиёти Ошиқ асосан аз баёни ишқу муҳаббат, ҳолат ва кайфоятҳои руҳии шоир, фақру бенавоӣ, мазаммати носозиҳои муҳити зиндагӣ, беқадрии аҳли илму адаб, ҳунармандон, тамасхури зӯҳду риё, майлҳои орифона ва ғайра иборат аст. Девони Ошиқ соли 1965 дар Теҳрон бо номи «Девони комили Ошиқи Исфаҳонӣ» ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …