Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ошиқ Мулло Абдурраҳимбеки Бухороӣ

Ошиқ Мулло Абдурраҳимбеки Бухороӣ

Ошиқ Мулло Абдурраҳимбеки Бухороӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 1910), шоири тоҷик. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ошиқ дар Бухоро гузаштааст. Тазкиранависон таъкид кар­даанд, ки Ошиқ шоири ҳозирҷавоб буда, дар мунозира ҳунари тамом дошт. Ашъори Ошиқ, ки асосан лирикист, борҳо дар баёзу тазкираҳо сабт шудааст. Ошиқ, хабар медиҳад Мӯҳтарам («Тазкират-уш-шуаро») шеърро соддаву равон мегуфт ва машшоқи моҳир буд. Азбаски бо танбӯр навоҳои хуб менавохт ва сурудҳои ошиқона месуруд «Ошиқ» тахаллус дорад.

Намунае аз ғазалиёти Ошиқ:

Дил аз даст додаам, ёрон, ба дасти тифли бадхӯе

Суманрухсору ширинкору шаҳрошуби ҷодуе.

Чаманоро бути нозукхкроме, кабкрафторе.

Қадақпаймо, маҳи шӯхе, шакаргуфтори дилҷӯе,

Зи хасрат об шуд гулғунчаро хуни ҷигар дар дил,

Сафо аз зулфи анбарбори ӯ овард то бӯе.

Нигаҳ дар чашми масти фитнаи хунрези ҷаллодаш,

Ба тарфн бӯстон вақшатгузин мастона оҳуе

Ба даври зулфу холу хати анбарфоми ӯ Ошиқ,

Ба cap савдо, ба ҷон шайдо, ба тан аз заъф чун мӯе.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …