Ошиқ Мавлоно

Ошиқ Мавлоно Камолуддини Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафоти 1552, Балх), шоири форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Ошиқ аз донишмандоне буд, ки тамоми умр шомҳои ақлию нақлӣ омӯхтааст. Ошиқ дар шеър табъи равон дошта, қасидаву ғазал ва рубоиро устодона мегуфтааст.

Аз рӯи ишораи сарчашмаҳои адабҳ Ҳилолӣ маснавии «Шоҳ ва Гадо”-ро дар наз- ди Ошиқ хонда, якчанд байтеро, ки Ошиқ он вақт бадеҳатан гуфта буд, ба маснавиаш дохил кардааст. Ошиқ хати настаълиқро хуб менавиштааст. Ашъори парокандаи Ошиқ дар тазкираву баёзҳо ба назар мерасанд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, ҳамон ҷо), мусиқишиноси форс-тоҷик. Аввал дар …