Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оши туппа

Оши туппа

Оши туппа, як навъ таоми то­ҷикист. Барои тайёр кардани Оши туппа хамирро сахт ошӯрда (1—2 тухм хам меандозанд), каме дам медиҳанд. Хамирро то 1,5—2 миллиметр тунук карда, ба андозаи бараш 5 сантиметр ва дарозиаш 15 сантиметр тасма-тасма мебуранд. Пас, намии онро гурезонда, дар оби намакдор пухта мегиранд.

Дар зарфи дигар гӯшти майда реза кардан гӯсфанд ё говро бо пиёз, сабзӣ ва по­мидор дар равған бирён мекунанд. Сипас, аз болояш каме об андохта меҷӯшонанд. Андаке пеш аз пухтан ба он картошка, нахӯд, қаланфур ва адвиёт ҳамроҳ карда, пиёздоғ ё қай­ла тайёр менамоянд.

Оши туппаро агар обдор бошад, дар ко­са, беоб бошад, дар табақ кашида, ба рӯяш қайла ва кабудӣ меандозанд. Дар зарфи алоҳида ҷурғот ё қаймок медиҳанд.

Оши туппа дар ноҳияҳои алоҳида номҳои гуногун дорад. Масалан, дар водии Зарафшон л а х ч a , дар Қаротегин, Ҳисор ва Яғноб туппакашак, дар

дигар мавзеъҳо т у пп а т о й ва ғайра меноманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …