Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оши кӯча

Оши кӯча

Оши кӯча, оши кашк, гандум к у ч а, як навь таоми тоҷикист. Оши кӯча хӯроки кадима буда, ҳозир дар қишлоқҳои дурдаст боқӣ мондааст. Барои тайёр намудани Оши кӯча яр­маи гандумро тоза мешӯянд ва ба оби серпамак андохта, дар оташи паст мепӯшонанд.

10—15 дақиқа пеш аз пухтанаш ба он пиёздоғ ё равғани маска, нахӯд ё лӯбиё меандозанд. Баъди таоми тайёрро ба табақ ё ко­са кашидан, ба рӯи он кабудии реза мепошанд. Дар Мастчох, Яғноб ба Оши кӯча гӯшти гӯсфанд, рӯда, поча, калла ва ғайраро ҳамроҳ мекунанд.

Адабиёт: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Душанбе, 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …