Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ошанин Василий Фёдорович

Ошанин Василий Фёдорович

Ошанин Василий Фёдорович (2. 1. 1845, деҳаи Политовка, ҳозира pайони Политово Данковский вилояти Ли­песк — 7. 2. 1917, Петроград), энто­молог ва сайёҳи рус. Соли 1865 Унтверситети Москваро хатм карда, солҳои 1872— 1906 дар кишвари Туркистон кор кардааст. Корҳои асосии Ошанин ба омӯзиши систематика ва паҳншавии геог­рафии канаҳо ва ҳашарот бахшида шудаанд.

Ӯ каталоги систематика ва географияи канаҳои палеартикӣ, ҷа­закҳо ва кайкҳои баргро (бештар аз 5 ҳазор намуд) тартиб додааст. Ошанин ҳаша- роти Осиёи Миёна ва минтақаи Қисми европоии Россияро омӯхта, бисёр намудҳои онҳоро кашф на­муд. Ӯ соли 1878 ба экспедисияе, ки дар Помир қатокӯҳи Пётри I ва пиряхи Федченкоро кашф кардааст, роҳбарӣ намуд.

Асос: Зоогеографические задачи в Тур­кестане. Ташкент, 1880; Зоогеографический характер фауны полужесткокрылых Туркестана, СПБ, 1891.

Адабаиёт: Кириченко А. Н . Василий Федорович Ошанин® зоолог и путешест­венник (1844—1917). Москва. 1940; Ошанин Л. В., Азатья нА. А., Василий Фёдо­рович Ошанин, Очерк жизни и деятель­ности, Москва

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …