Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ошанин Лев Василевич

Ошанин Лев Василевич

Ошанин Лев Василевич (7. 3. 1884, Тошкент — 9. 5.,.1962, ҳамон ҷо), антропологи советӣ, профессор (1935), доктори илмҳои биология (1939), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1946). Писари энтомолог ва сайёхи рус В- Ф. Ошанин.

Дар гимназиям Тошкент (1895—1903), факултети би­ологияи Университети Пе­тербург ва ‘Жене­ва (1903—08), Академияи ҳарбии тиббии Петербург (1908—12) таҳсил кардааст. Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамчун духтур иштирок намуда (1914—17), тобистони 1917 боз ба Тошкент баргашт. Ординатор, ассис­тент ва декани факултети биология ва тибби Университети давлатии Осиёи Миёна (холо Университети давлатии Тошкент; 1922—25)„солҳои 1925—29 досенти ка­федраи биология, 1939—60 мудири кафедраи антропологияи ҳамин до- нишкада ва аз 1942 дар як вақт ҳодими калони илмии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон  буд.

Ошанин мутахассиси барҷастаи антропологи­яи халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули халқхои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ва ӯзбекхоро тадқиқ кардааст. Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Асос: Антропологический состав насе­лении Средней Азии и этногенез её на­родов, часть 1—3, Ереван, 1957—59.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …