Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Осетияи Ҷанубӣ

Осетияи Ҷанубӣ

Осетияи Ҷанубӣ, Вилояти Автономии Осетияи Ҷ а н убӣ, дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон 20 апрели 1922 ташкил ёфтааст. Масоҳат 3,9 ҳазор километр2. Аҳолиаш 98 ҳазор нафар (1982). Вилоят 4 райони маъмурӣ, 1 шаҳр, 4 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Схинва­ли. Осетияи Ҷанубӣ бо ордени Ленин (1967) ва ордени Дустии Халқҳо (1972) муко- фотонида шудааст.

Табиат. Осетияи Ҷанубӣ қисми марказии нишебиҳои ҷанубии Кавкази Калон ва институтҳои шимолии ҳамвории Картлии дохилиро дар бар мегирад. Кӯҳҳои Рачин, Лих (Сурам), Кударой, Гудис, Хорул, Ломис дар территорияи Осетияи Ҷанубӣ ва дар Шимоли Шарқи кӯҳсори Кел воқеъ гардидааст. Қариб 90% территорияи Осетияи Ҷанубӣ  дар баландии зиёда аз 1000 метр воқеъ гар- дидааст. Иқлими Осетияи Ҷанубӣ гуногун аст: агар Ҷануб ба ҳадди муътадил гарм ва сернам бошад, дар шимол хунук буда, барф тамоми сол об намешавад.

Ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин (август дар Схинвали +20,7°Селсия, дар бадандии то 2000 метр 13,8°Селсия, моҳи хунуктарин (январ) аз —2,6 то 6,5° Селсия; боришоти солона 500—1000 миллиметр. Дарёҳои асосиаш — Лиахвии Калон ва Хурд, Ксани, Лехура, Меҷуда (ҳавзаи Кура); кӯлхои калонаш — Келистба ва Эрсо. Хоки минтақаи доманаи кӯҳ вӯасо­сан сиёҳхок, ҷо-ҷо аллювиалӣ ва гу- мусдор, болотар бӯри сиёҳчатоб, кӯҳию дангалӣ ва кӯҳию марғзорӣ. 48% территорияи Осетияи Ҷанубӣро ҷангал ва буттазор пӯшондааст. Ҷангал аз дарах- тони коҷ, ладен, булут, момроз, заранг, олаш ва ғайра хеле бой аст. Майдонҳои васеъро марғзорй субалпӣ ва алпӣ пӯшонидааст. Дар ҷангал гург, хирс, силовсин, рӯбоҳ, гуроэ, оҳу, дар баландкӯҳҳо тур зиндагӣ мекунад.

Аҳолӣ. Дар Осетияи Ҷанубӣ осетинҳо, гурҷиҳо, русҳо ва намояндагони дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 (1978) 26,5 кас. 42% аҳолии вилоят дар шаҳрҳо иқомат дорад.

Маълумоти таърихӣ. Одам дар территорияи Осетияи Ҷанубӣ дар давраи палеолит маскан гирифта буд; дар ин бора қароргодҳое ки дар мағораҳои Шона ва Кударо боқӣ мондаанд, далолат меку­над. То ибтидои ҳазораи 3 том, ноҳияҳои пасти вилоятро қабилаҳои маданияти кура — аракси энеолит мас­кан карда буданд. Ҳафриёти асри биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан (ҳазораҳои 2—1 то милод) дар бобати бо Гурҷистони Ғарбӣ ва Кавкази Шимолӣ робита доштани аҳолии кади­маи вилоят шаҳодат медиҳад.

Дар худи ҳамон давра шаклҳои оддии муносибатҳои синфӣ ба вуҷуд омаданд. Дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то милод территорияи Осетияи Ҷанубӣ ба ҳайати давлати Иберия (Картли) дохил шуд. Давла­ти феодалии аҷдодони осетинҳо- аланҳо (давлатҳои 9—13 вуҷуд дошт) бо Гурҷистон, Руси Киевӣ ва Византия алоқаи тиҷоратӣ ва маданӣ дошт. Ҳуҷуми чингизиён (охири солҳои 30 асри 13) ва Темур (охири асри 14) осетинҳоро барои ба дараҳои кӯҳсори Кавказ кӯчидан маҷбур кард, баъдтар онҳо ба нишебиҳои ҷануби кӯҳсор фуромада он ҷоро маскан карданд.

Осетинҳо сараввал дар қисми баландкӯҳи Гурҷистони Марказӣ зиндагӣ мекарданд, асрҳои 17—18 ба минтақаи наздикӯҳӣ ва ҳамворӣ фуромаданд. Аҳолӣ дар ҳамворӣ асосан бо зироаткорӣ, дар кӯҳистон бо чорводорӣ машғул буд. То асри 18 ташаккули халқи осетин давом кард. Осетияи Ҷанубӣ ба ҳайати Гурҷистони феодалӣ дохид буд; қисми зиёди осетинҳои ҷанубӣ дар шоҳии Картли,як қисми онҳо дар шоҳии Имерети зиндагӣ мекард. Аз асри 13 cap карда дар Осетияи Ҷанубӣ муноси­батҳои феодалӣ инкишоф меёбанд, аммо дар зисту зиндагонии осетинҳои кӯҳистон (ҷануб) унсурҳои сохти авлодӣ то ибтидои асри 20 боқӣ монданд.

Осетинҳои ҷанубӣ дар тобеияти фео­далҳои гурҷӣ буданд.

Соли 1801 Осетияи Ҷанубӣ дар ҳайати Гурҷистон ихтиёран ба империяи Россия ҳамроҳ шуд. Ба Россия ҳамроҳ гардидани кишвар маҳдудияти хоҷагии қишлоқи онро аз байн бардошт ва гарчанде дар он ҷо тартиботи мустамликавӣ ҷорӣ карда шуда бошад ҳам, бо вуҷуди он аҳамияти прогрессивӣ дошт. Ин ҳамроҳшавӣ ягона роҳи озодшавии Осетияи Ҷанубӣ аз зулми феодалони Туркия ва Эрон буда, ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намуд, алоқаҳои мадании осетинҳои ҷанубиро бо халқҳои рус ва дигар халқҳои Россия мустаҳкам мекард.

Дар нимаи аввали асри 19 дар натиҷаи норозигӣ аз сиёсати мустамликадории хукумати Рос­сия ва зулми крепостной дар Осетияи Ҷанубӣ деҳқонон яроқ дар даст шӯриш бардоштанд (шӯришҳои калон солҳои 1804, 1810, l830, 1840 ва ғайра ба амал омаданд). Соли 1864 дар Осетияи Ҷанубӣ ҳуқуқи крепостной бекор шуда бошад ҳам, лекнн дар асл деҳқонон ӯҳдадориҳои феодалиро иҷро мекарданд. Дар баробари он дар деҳот ба табақаҳо тақсимшавии деҳқонон суръат гирифт, шумораи пролетариати деҳот афзуд.

Осетинҳо барои кор ба марказҳои саноатии Кавказ рафта ба муборизаи синфӣ ҳамроҳ мешуданд. Охири асри 19 ҳаракати озодихоқона дар Осетияи Ҷанубӣ дар зери таъсири муборизаи умумии синфи коргари Россия мегузашт. Соли 1905 дар Осетияи Ҷанубӣ комитетҳои револютсионии деҳқонон ташкил шуданд; «дастаҳои саднафараи сурх» (ё отрядҳои яроқноки деҳқонон), ки онҳоро сотсиал-демократҳои револю­тсионер ташкил карда буданд, бар зидди помешикон ва маъмурияти подшоҳӣ мубориза мебурданд.

Баъди Револютсияи Октябри 1917 меншевикони гурҷӣ ҳукумати буржуазӣ барпо карда, Гурҷистон ва дар қатори он Осетияи Ҷанубиро низ аз Россияи Сове- тӣ ҷудо карданд. Таҳти роҳбарии «Иттифоқи деққонони меҳнатии ре­волютсионер» (августи 1917 дар деҳаи Ортеви таъсис ёфта буд) марти 1918 деҳқонони гурҷӣ ва осетин бар зид­ди меншевикон шӯриш бардошта Схинвалиро ишғол карданд, аммо ба фишори қувваи барзиёди ҳукумати буржуазӣ тоб оварда натавониста, ақибнишинӣ карданд.

30 июли 1918 дар деҳаи Ҷава Бюрои ташкилии Осетияи Ҷанубии РКП (б) ташкил шуд. То ибтидои 1919 қариб дар тамоми территорияи комитетҳои маҳаллии партия барпо гардиданд. 12 июни 1919 дар Конференсияи 1-уми ғайрилегалии ташкилотҳои болшевикони Осетияи Ҷанубӣ.  Комитети округии РКП (б) интихоб карда шуд. Октябри 1919 дар як қатор районҳои Осетияи Ҷанубӣ бар зидди меншевикон шӯриш хест. 23 октябр дар pайони Рок шӯришгарон Ҳокимияти Советӣ эълон намуда, ба сӯи Схинвали ҳаракат карданд, вале қӯшунҳои мен­шевикон шӯришро пахш намуданд.

Шӯришгарон ба Осетияи IIIимолӣ гузашта, якҷоя бо меҳнаткашони вилоят. Тер муборизаро бо контррево­лютсия дар Кавкази Шимолӣ давом доданд. Охири апрели 1920 деҳқонони райони Рок шӯриш бардошта, 8 май Ҳокимияти Советиро  барқарор кар­данд. 8 июни 1920 дар Осетияи Ҷанубӣ Ҳокимияти Советӣ эълон карда шуд, қӯшунҳои меншевикон 12 июн ба ҳуҷум гузаштанд. Шӯришгарон ва қисми зиёди аҳолӣ аз ағба гузашта дар Осетияи Шимолӣ ҷой гирифтанд. Бо супориши Владимир Илич Ленин барои бо ҷои муқимӣ таъмин намудани гурезаҳо Комитети револютсионии Вла­дикавказ барои онҳо аз наздикиҳои шаҳри Владикавказ замин ҷудо кард.

Баъди сарнагун шудани ҳукумати меншевикон дар Гурҷистон (феврали 1921) 20 апрели 1922 Вилояти Автономии Осетияи Ҷанубӣ дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон ташкил карда шуд. Дар давраҳои панҷсолаҳои пеш аз ҷанг (1929—40) қафомоник иқтисодӣ ва мадании кишвар бартараф шуда, саноати маҳаллӣ барпо гардид, хоҷагии қишлоқ коллективонида шуд. Дар рафти револютсияи маданӣ боқимондаҳои сохти авлодӣ барҳам дода шуда, синфи коргари миллӣ ва интеллигенсия ташаккул ёфт.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) меҳнаткашони Осетияи Ҷанубӣ чи дар фронт ва чи дар ақибгоҳ мардонагӣ ва истодагарӣ карданд. Қариб 5,5 ҳазор нафар ҷанговарони Осетияи Ҷанубӣ бо ордену медалҳои ҳукуматӣ муко- фотонида шуда, ба 8 нафар номи олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст.

Иқтисодиёт. Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ Осетияи Ҷанубӣ ба вилояти индустриалию аграрӣ мубаддал гашт.

Соли 1977 назар ба соли 1940 ҳаҷми маҳсулоти саноат 29 маротиба, нисбат ба соли 1965 3,3  маротиба афзуд. Дар ин давра ГЭС-у корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ сохта шуд. Соҳаи асосии са­ноат — мошинсозӣ (заводҳои «Электро- вибромашина», «Эмалпровод», заводи таъмири автобус), чӯбгарӣ (комбинати чӯби Схинвали). Маснуоти оҳану бетонӣ ва дигар масолеҳи бинокорӣ истеҳсол мешавад. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли консерв, пиво, оби мева, маснуоти ширӣ, вино ва ба шишаҳо рехтани оби минералӣ ва ғайра тараққӣ кардааст. Дар вилоят фабрикаи дӯзандагӣ кор мекунад.

Хоҷагии қишлоқ. Дар вилоят аз зироати ғалладона гандуми тирамоҳӣ, ҷав, ҷуворимакка, аз зироати техни­ки картошка, лаблабӯи қанд кишт мешавад. Майдонҳои обчакорӣ, боғдорӣ ва токдорӣ сол аз сол зиёд ме­шавад. Чорводорӣ, аз он ҷумла гӯсфандпарварӣ, аҳамияти калон дорад. Соли 1980 (ба ҳисоби ҳазор cap) дар Осетияи Ҷанубӣ 130,5 гӯсфанду буз, 37,0 гов, 9,8 хук буд. Роҳи оҳан Гори-Схинвали (тӯлаш 33 километр), маркази вилоятро бо роҳи оҳан Закавказия пайваст менамояд. Роҳи асосии автомобилгард Схинвали —

Кваиси—Они вилоятро бо Тбилиси ва районҳои ғарбии Гурҷистон мепайвандад.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1976 дар Осетияи Ҷанубӣ  22 муассисаи табобатии дорои 1,4 ҳазор кат (12,8 кат барои 1 ҳазор нафар аҳолӣ) буд, дар вилоят 334 духтур (1 духтур барои 385 кас) кор мекард. Дар вилоят курорти Ҷава, шифохонаҳои Багиати, Везура, Лесе, Нагутии, Эдиси ҳастанд. Ба ғайр аз он вилоят 7 санатория ва хонаҳои истироҳатӣ дорад.

Маориф, муассисаҳои маданию маърифатӣ. Соли таҳсили 1981/82 дар мактабҳои маълумоти умумӣ 20,5 ҳазор, дар 1 омӯзишгоҳи касбҳои тех­никӣ 238, дар 4 мактаби миёнаи махсус 0,8 ҳазор талаба, дар Институти педа­гогии Схинвали 2 ҳазор студент мехонд. Соли 1976 дар 16 муассисаи томактабӣ зиёда аз 2 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Соли 1977 дар Осетияи Ҷанубӣ театр, 166 китобхонаи оммавӣ, 88 клуб, 66 дастгоҳи кино буд.

Матбуот, радио, телевизион. Газетаҳои вилоятӣ: «Советов Иристон» («Осе­тияи советӣ») ба забони осетинӣ, аз соли 1924 инҷониб, «Сабчота Осети» («Осетияи советӣ»), ба забони гурҷӣ, аз соли 1933 инҷониб. Телевизиони вилоятӣ программаи якуми телевизиони Марказиро қабул мекунад. Ҳаҷми умумии радиошунавонии умумииттифоқӣ ва республикавӣ дар як шаборӯз 33 соат аст. (Доир ба адабиёти Осетияи Шимолӣ нигаред ба боби адабиёти Осетияи Шимолӣ).

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Харобаи ибодатгоҳҳо, боқимондаҳои манзилгоҳ,. маснуоти металлӣ ва сафолии аз территорияи Осетияи Ҷанубӣ ёфтшуда намунаҳои ёдгории маданияти қадима бу­да, асосан ба давраи энеолит мансубанд. Дар меъмории асрҳои миёна, ки он асосан ба мактаби меъмории, Гурҷистон ва Абхозистон мутаалдиқанд, анъанаҳои маҳаллии бинокорӣ дида мешавад. Дар районҳои кӯҳӣ дар асрҳои миёна манораҳои дидбонӣ ва ҷангӣ, -дахма ва маъбадҳо сохта ме­шуданд.

Дар асрҳои 18—19 биноҳои истиқоматӣ асосан аз сангу чӯб сох­та шуда, пешайвон доранд ва бомашон ҳамвор аст. Дар ин давра биноҳои дуқабатаи пешайвондор низ расм шуда буд. Санъати халқии оро- ишию амалии Осетияи Ҷанубӣ  ба зардӯзӣ, мисгарӣ, саводкорӣ, хандакорӣ ва ҳаккокии яроқ, кандакории чӯб, мебел аз қадимулайём машҳур гардидааст. Аз шохи нахчир ва аз металл сохтани ҷомҳои олиҷаноб барои ин диёр расму одати дерина шуда мондааст.

Дар ташаккули санъати тасвирии советии Осетияи Ҷанубӣ рассом М. С. Туганов мақоми калон дошт. Солҳои 50—70 дар пешрафт ва инкишофи рассомӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ, графика ва ғайра А. И. Гассиев, Г. В. Догузов, В. Г. Козаев, Д. Г. Турманов, В. Н. Кокоев, А. В. Плиев, Т. А. Гаглоев,

Л. Г. Зяссесв, Г. В. Николейшвили ва дигар саҳми калон гузоштанд.

Театр. Аввалин спектаклқҳоро ба забони осетинӣ соли 1904 дар Тбилисӣ ва Орҷоникидзе ҳаваскорон намоиш дода буданд. Якумин театри касбӣ соли 1931 дар Схинвали таъсис ёфт. Ре­пертуар ва фаъолияти эҷодии кол­лективи театри мазкур бо драматур­гия ва санъати театрии Гурҷистон, Осетияи Шимолӣ ва Россия зич алоқаманд мебошад. Соли 1939 ба театр номи К. Л. Хетагуров дода шуд. Пьесаҳои Хетагуров «Дуня» (1939) ва «Фотима» (1959) дар ҳамин театр намоиш дода шуданд. Асарҳои классикони рус ва хориҷа, песаҳои драматургони советӣ репертуари театрро ғанӣ мегардонад.

Дар пешрафт ва тараққиёти театр Артистони Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон С. М. Ҷатиева, 3. А. Гаглоева, Н. 3. Чочиева, Д. И. Мамиев, И. Д. Схвирашвили; режиссёрон 3. Чабиева, В. Мургулия, Г. Кабиров. В. Каиров; рассомон М. С. Туганов, С. Газданов, Т. А. Га­глоев; бастакорон Б. А. Галаев, Н. И. Гудианишли, Д. С. Хаханов саҳми арзанда гузоштаанд. Соли 1935 ба театр труппаи гурҷӣ низ дохил шуд. Ре­пертуари ин труппа аз песаҳои «Чермен»-и  Плиев (1956), «Хиёнат»-и Сумбаташвили, «Майя Схнетели»-и Канделаки (1968) ва ғайра иборат мебо­шад.

Дар труппаи осетинӣ (1977) Артистони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон  Г. Таугазов, Б. А. Сховребов, И. 3. Чаби­ева. Артистони Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон  Л. Галаванова, Р. Гассиева. А. Гелдиев ва дигар, Артистони Хизматнишондодаи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимолӣ Д. Габараев. Ф. Харебов; саррежиссёр М. К. Мадааев, дар труппаи гурҷӣ Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон  И. В. Шеразадишвили, Артистони Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон  Т. Гасанова, И. Дарбуашвили, Д. Кокоев, Р. Плиева, саррежиссёр У. Ш. Миндиашвили ва дигар кор мекарданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …