Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орзуев Махдӣ Искандарович

Орзуев Махдӣ Искандарович

Орзуев Махдӣ Искандарович (таваллуд 25. 10. 1933, деҳаи Булкоси райони Ғарм), микробиологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1975), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1971. Соли 1958 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намуд. Орзуев то соли 1960 духтур ва муовини духтури стансияи санитарию эпи­демиологии беморхонаи pайони Ғарм буд.

Солҳои 1960—75 аспирант, ас­систент, ҳодими калони илмӣ ва досенти кафедраи микробиология. Аз соли 1976 мудири кафедраи микробиологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад. Орзуев оид ба эпиде­миология, пешгирии кузоз ва сирояти стафилококк дар модарон ва кӯдакони навзод зиёда аз 50 таълифоти илмӣ дорад.

Орзуев раси комиссияи методии кафедраҳои тибби назариявӣ аст; бо нишони сарисинагии «Аълочии нигаҳдории тандурустӣ» сарфароз гардидааст.

Асос: Напряжённость противостолбняч­ного иммунитета у населения Таджикс­кой ССР. Материалы годичной (XX) кон­ференции Таджикского госмединститута, Душанбе, 1971; Микрофлора верхних дыхатель­ных путей у больных ревматизмом. Ди­агностика, клиника и лечение ревмати­ческих заболеваний, Душанбе, 1978

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …