Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Орзу Сироҷуддин Алихон

Орзу Сироҷуддин Алихон

Орзу Сироҷуддин Алихон (1689—1756), шоир ва олими ҳинду. Орзу дар дарбор соҳиби мансаби калон ва пуштибони шоирон будааст. Дар Деҳлӣ ва Лакҳнав зистааст. Ба забонҳои форсӣ ва урду менавишт.

Баёзи Орзу «Сироҷ-ул-луғот» аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ба ҳам омадааст. Ба асарҳои Саъдӣ, Низомӣ ва дигар шарҳ навиштааст. Дар луғати тартибдодаи Орзу «Ғароиб-ул-луғот» ибораҳои фразеологӣ ва баъзе калимаҳои урду ба забони форсӣ шарҳ ёфтаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …