Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Орз Анвар Ҳусайн

Орз Анвар Ҳусайн

Орз Анвар Ҳусайн (1873, Лакҳнав — 1951, Карочӣ), шоири покистонӣ. Ба забони урду менавишт. Дар оилаи шоир таваллуд шудааст. Яке аз намояндагони барҷастаи мак­таби назми Лакҳнав. Ғазалҳои Орзу дар маҷмӯаҳои «Шикоятҳои Орзу», «Олами Орзу», «Оҳангҳои Орзу» ва «Наи хушоҳанг» гирд омадаанд.

Ба қалами Орзу драмаҳои «Зани мутаассиб», «Шарораи зебоӣ», «Моҳтобшаб» ва ғайра тааллуқ доранд. Сурудҳои барои филмҳо навиштаи Орзу хе­ле машҳуранд. Асарҳои Орзу бо психологизми амиқ ва лиризми худ ҷолиби диққатанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …