Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ортоклаз

Ортоклаз

Ортоклаз (аз юнонӣ orthds — рост ва klasis — шикасташавӣ), минерали ҷинсофарин аз гурӯҳи шпаҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш К [AlSisO*]. Дар таркибаш омехтаҳои Na (то 8% NajO), баъзан Ва ва ба миқдори кам Fe, Са, Rb, Cs ва ғайра дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш призмашакл.

Рангаш гулобии равшан, зарди бӯртоб, баъзан сурх; ҷилояш шишагун. Сахтиаш 6— 6,5; зичиаш 2550—2580 килограмм/метр3. Ортоклаз яке аз асоситарин минералҳои таркибии ҷинсҳои магмавӣ аст; тӯдаи кристаллҳои калони он дар рагҳои пегматитӣ вомехӯрад. Аксар дар просесси метаморфизми регионалӣ ва контактӣ ба вуҷуд меояд. Ортоклазро ҳамчун аш­ёи хом дар саноати шиша ва сафолот истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …