Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ортогоналӣ

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ (fion. orthogonios — росткунҷа, аз ormos —рост ва go- nia — кунҷ), таъмими (бештар синонимӣ) мафҳуми перпендикулярӣ. Агар ду вектор дар фазои сечена ба ҳам перпендикуляр бошанд, ҳосили зарби скалярии онҳо ба сифр баро­бар аст. Аз ин ҷиҳат мафҳуми перпендикуляриро ба векторҳои ҳар гуна фазои хаттии дилхоҳ татбиқ намудан мумкин аст.

(Ба шарте ки дар фазои додашуда зарби скалярии дорои хосиятҳои муқаррарӣ муайян шуда бошад.) Дар ин маврид, агар зарби скалярии ду вектор ба сифр баробар бошад, ин векторҳоро ор­тогонал меноманд. Масалан, дар фа­зои функсияҳои комплексии дар порчаи [а, 6] муайяншуда амали зарби скаляриро тавассути формулаи

(/, *)р = /Нх)~* (*) Р (*) а

ҷорӣ намуда (дар ии формула р(х) >0 аст), функсияҳои ffx) ва ф(х) бо вазни р(х) ортогонал меноманд, агар (/, Ф)р = 0, яъне С“6 _

//(*) ф (*) Р (*) &х = 0 бошад.

Агар ҳар як вектори як зерфазои хаттӣ ба ҳар як вектори зерфазои хаттии дигар ортогонал бошад, ин ду зерфазоро ба ҳамдигар ортогонал ме­номанд.

Хатҳои каҷе, ки ҳамдигарро таҳти кунҷи рост мебуранд (ин ҷо кунҷи байни расандаҳои хати каҷ дар нуқтаи бурриш ба ҳисоб гирифта мешавад), хатҳои каҷи ортогоналӣ номида мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …