Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оромиҳо

Оромиҳо

Оромиҳо, қабилаҳои бодиянишини сомӣ, ки ватанашон нимҷазираи Арабистон буд. Дар ҳуҷҷатҳое, ки ба миёнаи ҳазораи 3 то милод мансубанд, бори аввал номбар шудаанд. Асри 14 Оромиҳо ба биёбони Сурин ва Фуроти Миёна ворид шудаанд, дар охири асри 12 ва аввали 11 то милод қариб тамоми Осиёи Пешро ишғол карданд.

Оромиҳо дар як қатор ҷойҳо (масалан, шарқтари дарёи Урдун) ба аҳолии маҳаллӣ табдил ёфтанд. Забони оромӣ (гурӯҳи сомӣ) дар ибтидои милод забони асосии гуфтугӯии халқҳои Осиёи Пеш гардид. Ошуриҳои ҳозира авлоди Оромиҳо мебошанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …