Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орнитозҳо

Орнитозҳо

Орнитозҳо (аз юнонӣ ornis, ornithos — парранда), як гурӯҳи бемориҳои вирусии парранда ва одамро гӯянд. Орнитозҳо аввалин бор соли 1875 илман қаламдод шудааст. Сирояти Орнитозҳо дар бештар аз 130 намуди паррандаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин ба «орнитоз» номидани беморӣ водор намуд. Ангезандаи Орнитозҳо вирусест, ки аз наҷосат ва луоби бинии паррандаҳо ҷудо мешавад.

Ин вирус ба таъсири омилҳои химиявию физикӣ хеле тобовар буда, дар ҳарорати аз 70° Селсия баланд нобуд мешавад. Одам ҳангоми бо паррандаҳои бемор сару кор доштан сироят меёбад. Давран инкубатсионии беморӣ 1—2 ҳафта давом мекунад. Орнитозҳо шадид оғоз ёфта, ҳарорат баланд мешавад, cap ва му- шакҳои бадан дард мекунанд, баъзан дил беҳузур мешавад, Баъди сиҳат шудан организм нисбат ба Орнитозҳо иммунитет устувор ҳосил намекунад.

Дар Институти тадқиқоти илмии эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон, кафедраи бемориҳои сироятии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба хусусияти эпидемиологӣ ва клиникии Орнитозҳо дар шароити иқлими гарм аз соли 1965 инҷониб тадқиқот мебаранд. Олимони тоҷик муқаррар намудаанд, ки дар республика паҳнкунандаи асосии ангезандаи Орнитозҳо кабӯтарҳои хонагӣ ва мусича мебошанд.

М у о л и ҷ а; андешидани чораҳои комплексӣ барои бартараф кардани осеби роҳҳои нафас ва заҳролудшавии умумии бадан.

П е ш г и р ӣ: беҳтар гардонидани гигиенаи шахсии кормандони фермаҳои мурғпарварӣ, сари вақт муайян намудани манбаи сироят, де­зинфексия ва ғайра.

Адабиёт: Дегтярев Ю. Л., Методичес­кие рекомендации по орнитозу (клини­ка, диагностика, эпидемиология, профи­лактика и меры борьбы, Душанбе, 1976; Тер­ских И. И., Орнитоз и другие хламидийные инфекции, Москва, 1979.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …