Маълумоти охирин
Главная / Илм / Орнитохория

Орнитохория

Орнитохория (аз юнонӣ ornithos— парранда ва choreo — меравам, паҳн мешавам), тавассути паррандаҳо паҳн шудани мева ва тухми растаниҳост. Як ҷузъи зоохория. Паррандаҳо мева ва тухми растаниҳоро бо чангол ё нӯли худ бурда, дар сӯрохии кундаҳо, зери хасу шиббаҳои лонан худ ва ғайра пинҳон ва захира менамоянд.

Тухми растаниҳо дар сурати аз узви ҳозимаи баъзе парран- даҳо (масалан, залич, соч ва ғайра) гузаштан низ қобилияти сабзиши худро гум намекунанд. Орнитохория инчунин дар натиҷаи ба пар нӯл ва пои паррандаҳо часпида мондани мева ва тухми растаниҳо ба вуқӯъ меояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …