Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Орлова Любов Петровна

Орлова Любов Петровна

Орлова Любов Петровна (11. 2. 1902, Звенигород, ҳозира вилояти Моск­ва — 27. 1. 1975, Москва) актрисаи советии рус, Артисти Халқии СССР (1950). Дар Кон­серватория (1919 —22) ва техникуми театрии Моск­ва (қисми хореографӣ; 1922—25) таҳсил намудааст. Солҳои 1926—33 дар Театри мусиқии ба номи В. И. Не­мирович-Данченко кор кардааст. Фаъолияти эҷодии акт­риса бо ташаккули мусиқии советӣ зич алоқаманд аст.

Дар филмҳои мусиқии режиссёр Г. В. Александ­ров — «Бачагони хушҳол» (1934; Анюта), «Сирк» (1936; Марион Дик­сон), «Волга-Волга» (1938, Дуня), «Роҳи сафед» (1940; Таня) «Баҳор» (1947, ду рол — профессор Никити­на ва актриса Шатрова) ва филмҳои «Вохӯрӣ дар Элба» (1949, Жа­нет Шервуд), «Армуғони русӣ» (I960; Варвара Комарова)* образҳои фаромӯшнашаванда офаридааст.

Аз соли 1955 то охири умр дар Театри ба номи Моссовет кор мекард. Ролҳои намоёнаш дар ин театр Ҷесси («Масъалаи русҳо»-и К. Симонов), Патрик Кэмпбелл («Дурӯғгӯи меҳрубон»-и Килта) ва ғайра Лауреати Му­кофоти давлатии СССР (1941, 1950). Бо ордени Ленин, ду ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …