Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орлов Юрий Александрович

Орлов Юрий Александрович

Орлов Юрий Александрович (12. 6. 1893, деҳаи Томышево, ҳозира pайони Новоспасскийи вилояти Уля­новск—2.10. 1966, Москва), палеон­толог ва гистоло­ги советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1960; аъзо-корреспондент 1953). Соли 1917 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1916—24 муаллими Университети Перм, 1924—35 муаллими Академияи ҳарбии тиббии Ленинград, 1933—41 профессори Университети давлатии Ленинград, аз соли 1939 профессори Университети давлатии Мо­сква (аз соли 1943 то охири ҳаёташ мудири кафедраи палеонтология) буд.

Аз соли 1932 мудири шуъба ва аз соли 1945 директори Институти палеонтоло­гияи Академияи Фанҳои СССР. Таълифоти асосии Орлов ба масъалаҳои морфологияи муқоисавӣ ва палеонтологияи ҳайвонҳои мӯҳрадори мурдарафта, инчунин нейрогистологияи ҳайвонҳои бемӯҳраи ҳозира бахшида шудаанд. Орлов солҳои 1959—66 муҳаррири «Палеон­тологический журнал» ва сармуҳаррири асари 15-ҷилдаи «Асосҳои па­леонтология» (русӣ) буд. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1967, баъди вафоташ). Ба музеи Институти палеонто­логии Академияи Фанҳои СССР номи Орлов дода шудааст. Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Третичные млекопитающие и ме­стонахождение их остатков, «Tp. пале­онтологического института Академии Наук СССР», том 8, в. 3, 1941.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …