Главная / Маданият ва санъат / Орлов Александр Сергеевич

Орлов Александр Сергеевич

Орлов Александр Сергеевич (4. 2. 1871, Москва — 6. 3. 1947, Ленин­град), адабиётшиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931). Факултети таъриху филологияи Университети  Москваро хатм кардааст (1895). Дар ҳамон университет ва мактабҳои олии дигар муаллим буд. Аз соли 1933 муассис ва роҳбари Шуъбаи адабиёти қадими руси Хонаи Пушкин.

Муҳимтарин таълифи Орлов инҳоянд: «Оид ба хусусиятҳои шаклии повестҳои ҷангии русӣ» (1902), «Адабиёти қадими асрҳои XI—XVI рус» (нашр 1937, 1939, 1945), «Қиссаи полки Игор» (1946) ва ғайра. Ба омӯзиши адабиёти асрҳои 18—19-и рус, палеография, библиография, фолклори рус ва қазоқ низ машғул шудааст. Орлов бештар ба ҷиҳати адабию бадеии адабиёти қадими рус эътибор медод. Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медал мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Адрианов а-П е р е т с В. П., Академик А. С. Орлов, дар китоби: Орлов А. С., Язык русских писателей, Москва—Ленинград, 1948.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …