Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оркестри асбобҳои халқи

Оркестри асбобҳои халқи

Оркестри асбобхои халқии комитети давлатии телевизион ва радиошунавонӣ, коллективи эҷодии навозандагонест, ки соли 1938 ҳамчун Оркестри асбобхои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ташкилкунанда ва асосгузори Оркестр бастакорон — А. С. Ленский (роҳбари бадеӣ), А. Комолов (дирижер) буданд. Оркестр солҳои 1941 ва 1957 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва бо программаҳои калони консертӣ баромад кардааст.

Бастакорон ва дирижёрон А. Камолов, Ф. Солиев, А. Ҳамдамов, У. Мадёров. Ҷ. Охунов, С. Ҳамроев, Ҷ. Обидов, Д. Қурбонов солҳои гуногун дар Оркестр кор ва роҳбарӣ намудаанд. Соли 1961 оркестри ас­бобҳои халқии назди Комитети дав­латии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Оркестр дар пешрафти анъанаҳои мусиқии халқи тоҷик ҳиссаи арзанда дорад.

Оркестр бо барномаҳои консертӣ дар назди тамошобинон ва ба воситаи телевизиону радио баромад мекунад. Дар ҳайати эҷодии Оркестр  қариб 50 нафар (1983) навозандагони бомаҳорат ҳунарнамоӣ мекунанд. Роҳбари бадеӣ ва сардирижёри он С. Ҳамроев (аз соли 1979). Дар Оркестр як зумра бастакорону навозандагони бомаҳорат — Я. Сабзанов, А. Одинаев, X Маҳмудов, Д. Назаров ва дигар ба камол расидаанд. Оркестр  дар тарғибу ташвиши асарҳои классикони ҷаҳонӣ, рус ва советӣ роли калон мебозад.

Дар программаи Оркестр увертюраи операи Ж. Бизе «Кармен», порчахо аз сюитаи Э. Григ «Пер Гюнт», сарахбори балети П. И. Чайковский «Ку­ли қувов» ва ғайра таҳия гардидааст. Программаи Оркестр асарҳои гуногунжанри бастакорони тоҷик — сюита, увер­тюра, фантазия ва суруду таронаҳои бастакорон Ш. Сайфиддннов, 3. Шаҳидӣ, Я. Сабзанов, А. Камолов, А. Ҳамдамов, С. Ҳамроев, X. Абдуллоев, А. Одинаев ва дигарро дар бар мегирад. Дар Оркестр асбобҳои мусиқии халқӣ — ғижжак, рубоб, най, қӯшнай, чанг, дойра мавқеи калон дошта, аксари онҳо барои Оркестр мувофиқ кунонда шудаанд (масалан, ғижжак-алт, ғижжак-бас ва ғайра).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …