Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Орҷоникидзеобод

Орҷоникидзеобод

Орҷоникидзеобод, райони маъмурии тобеи республикавӣ дар Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон. 17 сентябр 1927 ташкил ёфтааст; то 3 апрели 1936 онро Янгибозор меномиданд. Бо районҳои Ленин, Айнӣ, Ғарм, Комсомолобод, Файзобод, Дан­ғара, Ёвон ҳамсарҳад аст. Масоҳат 3,99 ҳазор километр2.

Аҳолиаш 116,3 ҳазор нафар (1982), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва намояндагони миллатҳои дигар. Зичии аҳолӣ дар 1 километр2 29 нафар. Район ба 10 совети қишлоқ (Баҳор, Кофарниҳон, Ромит, Симиганҷ, Туғмазор, Хоҷабойқул, Чӯянгарон, Эскигузар, Янгибозор, Қаросу) тақсим шудааст. Маркази район—шаҳри Орҷоникидзеобод.

Территорияи район асосан дар ҳавзаи болооби дарёи  Кофарниҳон, ки нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ва шимоли қаторкӯҳи Қаротегинро дар бар мегирад, ҷой гирифтааст. Сарҳади ҷанубиаш то колхозҳои Рангону Қаротоғ, обанбори Норак ва ғарбиаш то канори шарқии водии Ҳисор кашол меёбад. Релефи ин ҷойҳо асосан кӯҳист. Баландии мутлақ дар водии Кофарниҳон 800 метр буда, дар қаторкӯҳи Қаротегин то ба 3925 метр ва қаторкӯҳи Ҳисор ба 4176 метр мерасад.

Сарватҳои зеризаминӣ: гази сӯзанда, флюорит ва масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал). Чашмаҳои минералии обашон гарм ва ху­нук мавҷуданд. Иқлими район вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то ба­ландии 1500 метр — тоҷистон гарм, зимистон на чандон хунук (ҳарорати миёнаи июл 20—25° Селсия, январи аз Орҷоникидзе то —5° Селсия; боришоти солона 700—900 миллиметр); дар баландиҳои 1500—3000 метр—тобистон салқин, зимистон хунук (ҳарорати миёнаи июл 10—20° Селсия, январ аз —5 то —15*Селсия; боришоти солона 900—1200 миллиметр); аз 3000 метр боло  иқлими хунук ҳукмфармост (ҳарорати миёнаи июл аз 10° Селсия пасттар).

Дарёҳо бисёранд, калонтаринашон: Кофарниҳон ва шохоби он — Элак. Хоки водию доманакӯҳҳо — хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо —ҷигарранг. Нишебии кӯҳҳоро то ба­ландии 2000 метр (минтақаи даштҳои кӯҳӣ) алафзору буттазорҳо (бештар буттаҳои хордор) ва баландиҳои 2000 —3000 метр (минтақаи бешадаштҳои кӯҳӣ)-ро алафзор, бешаҳои сираки арча, фарк, заранг ва аз 3000 метр баландтарро марғзорҳои субалпию алпӣ фаро гирифтаанд.

Дар Ромит ва дараҳои паҳлуии он — Сорбо, Сардаи Миёна, Ёс, Мағов ва ғайра дарахтони чормағз, олуча, бодоми талхак, санҷид, себ, токи худрӯй, чинор, бед, туғ, буттаҳои настаран, зирк, мушол ва ғайра бисёранд. Заминҳои корам асосан дар водиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ гаштаанд. Олами ҳайвоноти район низ гуногун аст.

Аз сумдорҳо нахчир, муфлон, гуроз, аз даррандаҳо хирс, шерпаланг (ирбис), гург, шағол, рӯбоҳ, қоқум, савсор, силовсин (вашақ), қашқалдоқ, аз хояндаҳо суғур, заргӯш, ҷайра, хорпушт, мири мушон, курмуш, аз хазандаҳо калтакалос ва ҳар гуна морҳо (кубро, мори чинор, гурза), аз паррандаҳо кабк, мурғи ҳилол, уқоб, мурғи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ғайра вомехӯранд. Дарёҳо гулмоҳӣ, ширмоҳӣ доранд. Дар ҳавзаи дарёҳои Сорбою Сардаи Ми­ёна (саргаҳи Кофарниҳон) мамнӯъгоҳи Ромит воқеъ гаштааст, ки дар ин ҷо ландшафти табиӣ ва баъзе на­муди ҳайвонҳои ваҳшӣ муҳофизат карда мешаванд.

Орҷоникидзеобод райони хоҷагиаш серсоҳа буда, махсусан хоҷагии қишлоқ (пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ, боғу токдорӣ, паррандапарварӣ) тараққӣ кардааст. Соли 1983 район 5 колхозу 5 совхоз ва 3 иттиҳодияи байнихоҷагӣ дошт. Колхозҳо ва маркази онҳо: ба номи К. Исмоилов (марказаш Туркобод), «Комму­низм» (Байнал), ба номи Владимир Илич Ленин (Хоҷабойқул), «Ленинград» (Пистамазор), «Съезди 22-юми партия» (Кӯпрукбошӣ); совхозҳо ва маркази онҳо: совхози боғу токдорӣ (Чағатой), «Орҷоникидзеобод» (Тангаӣ), ба номи 3. Телман (Қаросу), «50-солагии комсомол» (Чуянгарон), совхоз-фабрикаи паррандапарварӣ (Яккатол); иттиҳодияҳои байнихоҷагии гӯсфандпарварӣ (Эскигузар), паррандапарварӣ (Чиртак), говпарварӣ (Эскигу­зар).

Киштзори умумӣ 18036 гектар (1982), аз ҷумла замини пахта 4226 гектар, зағир 85 гектар, кунҷид 49 гектар, зироати хӯроки чорво 8534 гектар, ҷуворимакка, ҷав, ҷавдор 960 гектар, гандум 2237 гектар сабзавот, 1184 гектар, картошка 459 гектар, зироати полизӣ 161 гектар, лӯбиёгӣ 61 гектар, замини тухмӣ 88 гектар. Боғу токзор 2561 гектар. Саршумори чорво дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ (1. 1.1983) ба ҳисоби cap: гов—28254, бузу гӯсфанд—30627, асп—770, парранда (мурғ ва мурғобӣ) —1045775.

Район соли 1982 ба давлат 12945 тонна пахта, 2688 тонна ғалла, 8310 тонна гӯшт, 10922 тонна шир, 965 сентнер пашм, 38321 тонна сабзавот, 9370 тонна картошка, 466 тонна меваи донакдор, 1728 тонна меваи бедонак, 3636 тонна ангур, 670 тонна зироати полизӣ, 1213 сентнер пилла ва 5 миллион 437 ҳазор дона тухм фурӯхт. Саноати рай­он босуръат тараққӣ мекунад. Тамо­ми корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Орҷоникидзеобод воқеъ гаштаанд. (нигаред Орҷоникидзеобод, шаҳр). Ҷангалпарварӣ (84171 гектар) низ мавқеи муҳим дорад. Дар Орҷоникидзеобод хоҷагии ҷангалпарварӣ, совхози ниҳолпарварӣ, мамнӯъгоҳи «Ромит», сехи шарбати мева, стансияи мелиоративии ҷангал ва управленияи «Лесоснабсбит» ҳастанд.

Дар территорияи район управленияҳои ба истифодадиҳии роҳ (рақами 1 ва 33), сохтмону кори сантехникӣ, сохтмону таъмир, сохтмони манзилгоҳу корхо- наҳо, «Курортстрой», колоннаҳои сайёри механиконидашудаи рақамҳои 1, 8, 10,11, 26, 31, шӯъбаи районии «Тоҷикселхозтехника», базаҳои автомобилии рақамҳои 2, 5, 16,28, идораҳои экспедисияи геофизикии ҷануби Тоҷикистон, Экспедисияи комплексии геологӣ ва ғайра ҷой гирифтаанд.

Соли хониши 1982/83 дар миқёси район 51 мактаби миёнаи таълими умумӣ, 27 мактабм ҳаштсола ва 21 мактаби ибтидоӣ мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Район дорои 37 китобхона, 32 клуб, хонаи маданият ва 26 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ мебошад.

Дар 4 касалхонаи районӣ, 1 касалхонаи участкавӣ, 1 касалхонаи республикавӣ (ҳамагй 940 кат), 1 поликлиника, 11 дорухона, 14 амбулатория, 42 пункти фелдшерию тиббӣ 222 нафар духтурони маълумоти олидор, 716 нафар коркунони тиббии дорои маълумоти миёнаи махсус ва 48 нафар фелдшеру акушеркаҳо кор мекунанд (1983). Дар район санаторияи бачагонаи Тангаӣ, якчанд хонаҳои истироҳат (машҳураш Явроз) ва як қатор лагерҳои пионерӣ мавҷуданд.

Район бо шаҳри Душанбе ба воситаи роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан (21 километр) алоқаманд аст. Роҳҳои автомобилгарди Ғарму Ҷиргатол, Хоруғ, Кӯлоб, Нораку Ёвон аз Орҷоникидзеобод мегузаранд.

Гааетаи районӣ — «Коммуна» (таъсисаш 1933).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …