Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ориёниҳо

Ориёниҳо

Ориёниҳо, номи тоифадои қадими ҳиндуэронист, ки аз ҷиҳати баромадашон бо калимаи эронии қадим агуа (ҳиндуи қадим агуа, порсии қадим ariya, авестоӣ агуа) во­баста аст. Бо чунин ном тоифаҳои ҳиндуэроние маълуманд, ки тақрибан дар ибтидои ҳазораи 2 то милод аз ҳиндуаврупоиҳои қадими ба онҳо қаробатдошта ва ватани аслиашон (Европаи Марказӣ ва Европаи Шарқӣ) чудо шуда, ба тарафи ҷануби шарқӣ ҳиҷ­рат кардаанд. Мавҷҳои гуногуни ҳиҷрати ин тоифаҳо аввал дар Шарқи Наздик, баъдтар дар Мовароуннаҳру ҳаволии он, ҳудуди Эрон ва Ҳиндустони ҳозира то миёнаҳои ҳазораи 2 то милод пайдо шуда, маскан гприфтанд. Калимаи агуа шояд аз решаи феълии ат («ҳаракат кар­дан», «дар ҳаракат будан») пайдо шуда бошад.

Ин калима дар бисёр этноним, антропоним ва топонимми эронзамини таърихӣ бо тағйироти муайян дохил шудааст. Масалан, Страбон мардумони Порсу Мод, Бoxтару Суғдро ориёнӣ (‘Apieiv^S ) номидааст. Калимаи эрон ба маънои таърихиаш ва чун номи давлати ҳозираи Эрон аз шакли падежи генетиви шумораи ҷамъи ҳамин калима .дар эронии қадим airyanam пайдо шудааст, ки дар забони порсии миёна шакли егап ва дар забонҳои ҳозираи тоники шакли «эрон» ва фор­си iran-po гирифтааст. Ғайр аз калимаҳои Эрон, эронӣ, аз асоси агуа калимаи Ориёно дар забони дарии ҳозираи Афғонистон чун номи кишвар ва калимаи алон (allon) чун этноним барои ифодаи ниёгони осетинҳои ҳозира, ки номашон дар мифологияи осетинӣ боқӣ мондаанд, маъмуланд.

Дар ниман аввали ҳазораи 2 то милод тоифаҳои ориёнӣ (ҳиндуэронӣ) ба ду гӯрӯҳ фудошуда, минбаъд нисбат ба забонҳояшон истилоҳҳои ориёнӣ (ҳинду) ва эронӣ истифода мешаванд. Дар aсри 19 ва мах- сусан дар нимаи аввали асри 20 дар ада­биёти нажодпарастии фашистӣ аз истилоҳи ориёнӣ сӯистеъмол кар­да, аввал онро ба забонҳои германӣ ва баъдтар ба халқҳои германӣ, пеш аз ҳама, ба халқи немис мансуб шумурда, мустаъмал гардондани шуданд, вале ин истифодаи ғайриилмии истилоҳ маъмул нагашт. Дар илми ҳозира дар зери истилоҳи «Ориё танҳо қабилаю халқҳоеро мефаҳманд, ки ба забонҳои ҳиндуэронӣ гап мезаданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …