Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ориноко

Ориноко

Ориноко (Orinoco; ба забони ҳиндуҳои маҳаллӣ Оринуку—дарё), дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, дар Венесуэла ва Колумбия. Тӯлаш мувофиқи маълумотҳои мухталиф аз 2500 то 2730 километр, масоҳати ҳавзааш 1086 ҳазор километр2. Дар нишебиҳои ғарбии колхозҳои Серра-Парима (қисми ҷануби ғар­бии суфакӯҳи Гвиана) ибтидо ёфта, аз пастии Гвиана ҷорӣ мешавад ва ба уқёнуси Атлантик рехта, делтаро ба вуҷуд меорад.

Шохобҳои асосиаш: аз рост — Вентуари, Каура, Карони; аз чап — Гуавяре, Бича да, Мета, Араука, Апуре. Дар ҷараёни боло аз Ориноко дарёи Касикяре чудо шуда, ба сӯи ҳавзаи дарёи Амазонка ҷорӣ мегардад. Дарё то резишгоҳи дарёи Мета серостонаю тезҷараён аст. Дар делта ба 36 шохаю якчанд обраҳа ҷудо мешавад. Шохаҳои асосиаш: Манамо, Мака­рео, Арагуао, Мерехана, Бока-Гран­де. Манбал Ориноко асосан борон. Дар мавсими пуробиаш (апрел— сентябр) сатҳи об то 10—15 метр баланд меша­вад.

Сарфи миёнаи солонаи об дар қисми болоии делта қариб 29 ҳазор метрэ/сония, максималиаш 50—55 ҳазор метр3/сония, минималиаш 5—7 ҳазор метр^/сония. Дар давоми сол аз дарё ба уқёнус қариб 915 километр9 об мерезад. Дарозии умумии роҳҳои киштигард дар ҳав­заи Ориноко қариб 12 ҳазор километр. Дар мавси­ми пуробиаш то дарёи Гуавяре кишти­гард. Дар дарёи Карони ГЭС-ҳо бунёд мегарданд. Дар соҳили Ориноко шаҳрҳои Сан­та-Барбара, Пуэрто-Аякучо, Сюдад- Боливар, Пуарто-Ордас (Венесуэла), Пуэрто-Каррено (Колумбия) воқеъ гаштаанд.

Соли 1498 X. Колумб то саргаҳи яке аз шохаҳои резишгоҳи Ориноко рафта ра-сид. Олими немис А. Гумболдт ҳамроҳи ботаники франсавӣ Э. Боплан соли 1800 қад-қади Ориноко сафар карда, робитаи байни системаҳои Ориноко ва дарёи Амазонкаро муайян намуданд. Сар­гаҳи Онро соли 1951 аъзоёни экспедисияи Франсияю Венесуэла кашф карданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …