Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орифов Нусратулло

Орифов Нусратулло

Орифов Нусратулло (таваллуд 1900, дещаи Суфон, районии Фарғонаи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).

Солҳои 1916—29 батрак, чоряккор, 1929—39 колхозчӣ, 1939—45 сардори бригадаи обчакорӣ, 1946—56 сар­дори бригадаи пахтакории      колхози«Съезди 22-юми партия» (собиқ «Коммунисти Тоҷикистон»-и райони Ленин).

Аз соли 1971 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Орифов соли 1946—48 хосили фаровони пахта рӯёнидааст. Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …