Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орифов Маъруф

Орифов Маъруф

Орифов (О р и ф й) Маъруф Орифович (1907, деҳаи Работи Поёни pайони Когони вилояти  Бухоро — 1978, Ду­шанбе), педагоги советии тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1970), профессор (1971). Муаллими Хизматнишондодаи мактаби Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1958), «Аълочии маорифи халқи СССР».

Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1956. Солҳои 1920— 24 дар мактаби советӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1924—26 муаллими мак­таби ибтидоӣ. Соли 1929 баъди хатми Институти муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд муаллими мактаби ибтидоии қишлоқи Арабхонаи pайони Пастдарғами вилояти Самарқанд. Дар ҳамин ҷо ба сифати котиби Комиссияи сиёсӣ дар коллективонии хоҷагии қишлоқ иштирок кард.

Соли 1935 муаллими омӯзишгоҳи педагогии pайони Орҷоникидзе- ободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 1939 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намуда, дар кафедраи педагогика кор кард. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Баъди хизмати ҳарбӣ муал­лими ҳамон кафедра ва досент (1950), сипас мудири кафедраи пе­дагогика (1956—61, 1970—75; солҳои 1977—78 профессори ҳамин кафедра) шуда кор кардааст. Соли 1970 дар мавзӯи «Аз таърихи афкори педагогии халқи то­ҷик» рисолаи доктори ҳимоя кард. Оид ба масъалаҳои педагогика ва маорифи халқ бештар аз 50 моно­графия, рисола ва мақолаҳои илмӣ навиштааст.

Бузургтарин асари вай, расидааст, «Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик» (Из истории педагогической мысли таджикского народа; ҷилди 1—2, Душанбе, 1962—65) ном дорад. Китобҳои мазкур аввалин тадқиқоти ин олими шинохта ва педа­гоги соҳибтаҷриба дар роҳи омӯзиш ва ҷамъбасти илмии фикру андешаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, ахлоқӣ ва умумаи дидактикии аҷдодони халқи тоҷик дар асрҳои миёна то давраи Инқилоби Октябр ба шумор мераванд.

Дар осори мазкури муаллиф як консепсияи муҳими илмӣ хамчун ғояи асосии ӯ таҳқиқ шудааст: ин роли пешқадами тарбиявии эҷодиёти классикҳои адабиёти форс-тоҷик дар рушду камоли инсон аст. Орифов инчунин дар бораи ақидаҳои педагогии асосгузори адабиёти советии тоник устод Садриддин Айнӣ як силсила мақолаҳо ба чоп расонидааст. Вай дар давоми солҳои бисёр узви ҳайати таҳририяи журнали «Мактаби советӣ» буд. Хизмати Орифов на танҳо дар тарбияи толибилмони ҷавон, балки дар сабзишу камолоти як қатор мутахассисони соҳаи педагогика низ кам нест.

Адабиёт: Из истории педагогической мысли народа, часть 1—2. Душанбе, 1962 —65.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …