Маълумоти охирин

Орифи Xиравӣ

Орифи Xиравӣ Мав­лоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ бу­да, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмо­ни Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати баланди шоирӣ ва чашмони дардманд доштааст.

Дар офаридани ғазал ва маснавӣ маҳорати баланд дошт. Аз Орифи Ҳиравӣ девони ғазалиёт боқӣ мондааст. Ба ҷуз ин бо номи «Гӯй ва Чавгон» ё «Ҳолнома» (таълифаш 1438—39) маснавие дорад, ки ба шакли мунозира навишта шудааст. Маснавӣ дорои 800 байт буда, дар он шоир ба воситаҳои тасвири бадеӣ ва образҳои муболиғавӣ диққати махсус додааст.

Адабиёт: Мирзозода X., Таърихи ада­биёти тоҷик, китоби 2, Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …