Маълумоти охирин

Орифи Қазвинӣ

Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо кар­да, ашъорашро худаш ба оҳанг да­роварда мехонд.

Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду таронаҳои халқӣ аз тарафи худаш суруда мешуданд, хеле шӯҳрат дош­танд. Ғазалиёти давраи машрутахоҳии Орифи Қазвинӣ низ дорои мазмунҳои баланди иҷтимоӣ ва ватандӯстианд («Зинда бод», «Нолаи мурғ», «Паёми озодӣ», «Либоси март» ва ғайра). Баъди шикаст хӯрдани инқилоби солҳои 1915—20 Орифи Қазвинӣ ба Туркия ва Ироқ муҳоҷират кард.

Дар эҷодиёти индавраинаи шоир оҳангҳои рӯҳафтодагӣ ва нафрат ба муҳити мавдуда баланд садо медиҳанд. Орифи Қазвинӣ дар манзумаи «Харнома» нисбат ба сохту муҳити мавҷуда нафрат баён кардааст (тамоми аҳли кишварро, аз шоҳ то гадо хар ва Эронро мамлакати харон номидааст). Дар тан­қиду мазаммат мавқеи муайяни иҷтимоиву ахлоқӣ надоштани «Харнома»-ро Эраҷ Мирзо дар маснавии ”Орифнома”, ки ҷавоби манзумаи Орифи Қазвинӣ аст, сахт маҳкум кардааст.

Инқирози салтанати қоҷорияро Орифи Қазнавӣ бо хушнудӣ истиқбол кард ва дар ибтидо Ризошоҳро (1925—41) чун барпокунандаи ҷумҳурият табрику таҳният гуфт. Вале баъди шоҳ эълон гардидани ӯ сахт ноумед шуд ва ба Берлин муҳоҷират кард. Баъди бозгаштан (1927) худи Орифи Қазнавӣ ба Ҳамадон бадарға ва нашри осору консертҳояш манъ карда шуданд. Орифи Қазнавӣ дар ташаккули равияи демократии назми муосири Эрон, дар қувват гирифтани ҷанбаву принсипҳои халқият ва синфияти назми муосири форсӣ саҳми арзанда гузоштааст. Шеърҳояш ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Намунаҳои осо- раш дар матбуоти Тоҷикистон низ ба табъ расидаанд.

Адабиёт: Брагинский И., Комис­саров Душанбе, Персидская литература, Москава, 1962; Г а е м п а н а х Г. Г., Ареф Казвини — гражданский поэт Ирана, Москва., 1971.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …