Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ориф Муллоолими Кобулӣ

Ориф Муллоолими Кобулӣ

Ориф Муллоолими Кобулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Гулбаҳор ном мавзеи тобеи Кобул ба дунё омадааст. Тахаллус «Баҳорӣ» ва дигараш «Рабеӣ».

Марди ширинсухан ва базлагӯе буд. Дар тасаввуф ва аҳволи машоихи Ҳиндустон таълифоте чанд ба анҷом расондааст («Шарҳи мақосид ва таҷрид», «Фавотеҳ-ул-вилойа» ва ғайра). Дар пайравии «Силсилат-уз-заҳаб»-и Ҷомӣ достоне бо унвони «Силсилат-ул-ҷарас» ва як силсила ғазалҳо эҷод кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …