Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ориф Муҳаммадшариф

Ориф Муҳаммадшариф

Ориф Муҳаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар мавзеи Оғонақии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мад­раса таҳсил карда, илмҳои расмии замонашро омӯхт. Аввал дар ахди амир Шоҳмурод (1785—1800) ва баъд амир Ҳайдар (1800—27) ба сифати воқеанигори дарбор хизмат кардааст. Аз Ориф девони ғазалиёт ва як асари таърихи бо унвони «Тоҷ- ут-таворих» боқист.

Ҳаҷми девони Орифро Возеҳ («Туқфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб») «қарпб 3000 байт» гуфтааст, вале то ба дасти мо на бештар аз 1000 байт расидааст. Девони Ориф бо мазмуну мундариҷаи ғоявӣ ва бадеии худ ҷолиби диққат буда, дар омӯхтани моҳият ва хусусиятҳои адабиёти охири асри 18 ва аввали асри 19 манбаи пурқиматест. Дар шеърҳои Ориф баъзе воқеоти дарбор, рӯйдодҳои нохуши он замон инъикос ёфтаанд. Дар як шеъраш чунин туфтааст:

Зи ашки дилхароши ҷонгудозам шӯъла меҷӯшад,

Ба ранги қатраи хуне, ки аз чашми кабоб афтад.

Чу гавҳар аз ватан овора дорад софтаобъонро,

Илохо, дар ғамободи Хаводис инқилоб афтад.

«Тоҷ-ут-таворих»-и Ориф дар омӯхтани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва тороҷгариҳои давраи амир Шоҳмурод ва амир Ҳайдар сарчашмаи пурқимати таърихист. Нусхаи девони Ориф дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, «Тоҷ-ут-таворих» дар захираи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои  Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …