Маълумоти охирин
Главная / Илм / Организмҳои гетеротрофӣ

Организмҳои гетеротрофӣ

Организмҳои гетеротрофӣ, гетеротрофҳо, организмҳоеанд, ки барои ғизо пайвастҳои тайёри органикиро истифода мебаранд. Ба Организмҳои гетеротрофӣ тамоми ҳайвонот ва одам, инчунин баъзе растаниҳо (занбӯруғҳо, аксари паразитҳо ва ғайра) ва микроорганизмҳо мансубанд. Вале ба гетеротрофӣ ва автотрофӣ ҷудо кардани растаниҳо ва микроорганизмҳо шартист, зеро ҳатто автотрофҳои типӣ — растаниҳои сабзи фотосинтезкунанда як миқдор моддаҳои органикиро аз хок ба воситаи реша мегиранд.

Баъзе растаниҳои сабз, агарчи қобилияти фотосинтез кардан доранд, ва­ле ҳашаротҳӯранд. Чунин растаниҳо нитрогенро асосан аз моддаҳои ор­ганикӣ ва карбонро бо роҳи фото­синтез мегиранд. Баъзе автотрофҳо ба моддаҳои витаминмонанди муҳит, ки барои синтези автотрофӣ заруранд, мӯҳтоҷ мебошанд. Соли 1921 олими рус А. Ф. Лебедев исбот кард, ки ҳатто Организмҳои гетеротрофии типӣ (баъзе бактерияҳо, занбӯруғҳо ва ғайра) қобиланд С0а– ро фурӯ баранд.

Ин ғояро соли 1933 олимони америкоӣ Г. Вуд ва Ч. Веркман бо усули изотопӣ исбот накунанд. Дар натиҷаи синтези геторотрофӣ то 10% карбони организм захира мешавад. Имконияти аз та- рафи ҳуҷайраҳои пигменти сабз надошта аз худ кардани С02 барои фаҳмиши эволюсияи фотосинтез ва хемосинтез аҳамияти калон дорад. Муқаррар карда шудааст, ки бофтаҳои организми ҳайвонҳо низ С02-ро аз худ карда метавонанд. Дар асоси ин маълумотҳо организмро на аз рӯи типи ғизои карбонӣ, балки аз рӯи характери манбаи энергияи ҳаётан зарурашон ба автотрофӣ ва гетеротрофӣ ҷудо мекунанд.

Аз ин рӯ, ба Организмҳои гетеротрофӣ организмҳоеро дохил меку­нанд, ки барояшон пайвастҳои мураккаби органикӣ (карбогидрату, сафедаҳо, равғанҳо) манбаи карбон аст;. фотоавтотрофҳо организмҳое ки реаксияи фотохимиявиро ба вуҷуд меоранд ва ба хемоавтотрофҳо бошад, организмҳое, ки барояшон реаксияи оксидшавии моддаҳои ор­ганикӣ манбаи энергия аст, мансубанд. Ҳайвонот ва одам, ки моддаҳои органикиро барои барқарор намудани capфи энергия, аз нав ба вуҷуд овардани бофтаҳо ва танзими функсияи ҳаётӣ сарф менамоянд, Организмҳои гетеротроии типикианд.

Чунин Организмҳои гетеротрофиро аз рӯи талабот ба ин ё он моддаҳои органикӣ ва имконияти синтез карда тавонистани чунин моддҳо фарқ мекунанд. Ба қатори моддаҳое, ки барои орга­низм заруранд, вале Организмҳои гетеротрофиро синтез карда наметавонанд, амино­кислотаҳои ивазнашаванда, вита­мину ва ғайра дохил мешаванд. Организмҳои гетеротрофӣ дар табиат роли калон мебозанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …