Маълумоти охирин
Главная / Илм / Организм

Организм

Организм (аз лотинӣ organizo — ташкил мекунам, месозам), ҳама гу­на мавҷудоти зиндаро гӯянд. Организмҳои як ва бисёрҳуҷайра дорои чунин хосиятҳои асосии ҳаётианд,. ки онҳоро аз материяи ғайризинда фарқ ме­кунанд, яъне онхо сохти ҳуҷайравӣ доранд; ба онхо мубодилаи модда, сабзиш, инкишоф, афзоиш, тағйирпазирӣ, ирсият, мутобиқшавӣ ба шароити зиндагӣ ва ғайра хосанд.

Организмҳое низ мавҷуданд, ки ядрои ҳуҷайравии аслӣ ва унсури хромосомӣ надоранд. Ин гуна Организмҳоро п р о к а р и-о т ҳ о меноманд. Бактерияҳо, обсабзҳои кабуду сабз, риккетсияҳо, микоплазмаҳо ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Сохти ин Организмҳо содда буда, андозаашон хеле хурд аст. Дар ҷа- раёни таъсири мутақобил ба муҳити зиндагй Организм худро чун системаи том зоҳир менамояд. Ташаккули комили Организм натиҷаи эволюсия буда, аз тақсимшавии қисмҳои структура (ҳуҷайра, бофта ва узвҳо), функсия ва интеграсияи онҳо иборат аст.

Дар Организмҳои якҳуҷайравӣ функсияҳои ҳаётӣ тавассути органеллаҳои махсус ба амал бароварда мешавад. Дар давоми эволюсия афзоиши ху­ҷайра (яъне ба вуҷуд омадани Организми бисёрҳуҷайравӣ) ба мураккаб гардидани морфофизиологили Организм мусоидат намуд. Дар омӯхтани масъалаҳои эволюсия, тақсимшавию интеграсияи узвҳо ва функсияи Организм олимони рус А. И. Северсев, А. А. Заварзин, Н. Г. Хлопин, И. И. Мечников, Н. И. Шмалгаузен ва баъзе  олимони хориҷӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Нигаред  низ Морфогенез, 0нтогенеэ, Органогенез, Филогенез.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …