Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Органи Олии ҳокомияти давлатӣ

Органи Олии ҳокомияти давлатӣ

Органи Олии ҳокомияти давлатӣ, Совети Олии СССР, органи ягонаи қонунбарори СССР. Орган оид ба масъалаҳои муҳимтарини сохтмони давлатӣ, хоҷагӣ ва иҷтимоию маданӣ қарорҳо қабул мекунад, роҳҳои асосии сиёсати беруниро муайян менамояд, назорати олиро аз  болои фаъолияти аппаратӣ давлатӣ амалӣ мегардонад. Орган кон­ститусияи СССР-ро қабул мекунад, ба он тағйирот медарорад, республи­ками навро ба ҳайати СССР қабул менамояд, ташкили республикаҳои нави автономӣ ва вилоятҳои автономиро тас- диқ мекунад.

Планҳои давлатии тараққиёти иқтисодӣ ва сотсиалии СССР, бюҷети давлатии СССР ва ҳисоботро дар бораи иҷрои онҳо тасдиқ намуда, органҳои ба Совети Олӣ ҳисоботдиҳандаи СССР-ро ташкил мекунад. Орган аз тарафи аҳолӣ дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевоситаи интихоботӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати 5 сол интихоб карда мешавад. Ҳар як гражданини СССР метавонад депутати Орган интихоб гардад.

Орган, яъне Совети Олии СССР, аз ду палатаи баробарҳуқуқ — Совети Иттифоқ ва Совети Миллатҳо иборат аст. Дар Совети Иттифоқ манфиатҳои умумии тамоми меҳнаткашони СССР ифода ме­гарданд. Совети Итгифоқ дар округҳои интихоботи шумораи аҳолиашон баробар интихоб карда мешавад. Дар Совети Миллатҳо манфиатҳои махсуси халқҳои СССР, ки бо хусусиятҳои миллии онҳо алоқаманданд, таҷассум меёбанд. Ба Со­вети Миллатҳо аз ҳар як республи­каи иттифоқӣ 32, аз ҳар як республикаи автономи 11, аз ҳар як вилояти автономӣ 5 ва аз дар як округи автономи 1 депутат интихоб карда мешавад. Сессияи палатаҳо дар як вақт cap мешавад ва ба охир мерасад.

Дар сурати рӯй додани ихтилоф байни палата масъалаи ҳалталаб ба комиссияи созиш, ки онро палатаҳо дар асоси баробарӣ ташкил мекунанд, супурда мешавад. Баъд ин масъаларо палатаҳо бори дигар дида мебароянд. Агар пас аз ин ҳам созиш ҳосил нагардад, масъ­ала ба муҳокимаи сессияи оянда ё ба овоздиҳии умумихалқӣ гузошта мешавад.

Фаъолияти қонунбарории Органи СССР дар ду шакл амалӣ мегардад: бевосита бо роҳи қабули қонунҳо ва бо роҳи указҳои Президиу­ми Совети Олии СССР. Қонун дар сурате қабулшуда ҳисоб меёбад, ки аксарияти депутатҳои ҳар як пала­та ба тарафдории он овоз диҳанд. Конститутсия интихоби Президиуми Совети Олии СССР, ташкили ҳукумати СССР — Совети Вазирони СССР, таъин намудани Прокурори генералии СССР-ро ба зиммаи Орган мегузо- рад. Ҳамаи органҳои мазкур дар назди Орган масъуланд ва ба он ҳисобот медиҳанд.

Сессияҳои Органи СССР соле ду маротиба даъват карда мешаванд. Сес­сияҳои ғайринавбатиро Президиуми Совети Олии СССР бо ташаббуси худ, инчунин бо таклифи республикаи иттифоқӣ ва ё камаш сеяки депутатҳои яке аз палатахо даъват ме­кунад. Орган дар сессияи якуми ҳар як даъвати нав аз ҷумлаи депутатҳо, Президиум ва ҳар як палата раис ва 4 нафар ҷонишини ӯро иннтихоб мекунад. Дар иҷрои вазифаҳои Органи СССР комиссияи доимии Совети Олии СССР роли муҳим мебозанд. Ҳар палата 16 комиссияи доимӣ дорад. Дар республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ Органи Советҳои Олӣ мебошанд.

Адабиёт: Конститутсияи (Қонуни асосии) Иттифоқи Республикаи Советии Сотси­алистӣ, Душанбе, 4977: Советы — власть тру­дящихся, Москва, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …