Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Органҳои иҷроия ва амрдиҳанда

Органҳои иҷроия ва амрдиҳанда

Онҳо иҷроия ва амрдиҳанда, дар давлатҳои сотсиалистӣ муассисаҳои маъмуриест, ки ба­рои иҷрои вазифаҳои идоракунии корҳои давлатӣ ваколати ҳукуматӣ доранд. Орган аз тарафи Советҳо таш­кил карда мешаванд. Онҳо иҷрои қонунҳоро ташкил, корҳои давлатиро идора мекунанд, фаъолияти амрдиҳии  худро барои ҳалли масъалаҳои конкретӣ ба амал мебароранд. Аз ин  рӯ, онҳоро органҳои иҷроия ва амрдиҳанда меноманд.

Асоси фаъолити Органи давлати сотсиалистиро нишондодҳои қонун ва дигар амру қарорҳои органҳои намояндагии халқӣ ташкил медиҳад. Органҳои мазкур вазифаҳои худро қатъиян дар доираи ҳуқуқҳои конститусионӣ ва актҳои дигари қонунгузорӣ амалӣ ме­гардонанд. Оран роҳбарии сиёсӣ, хоҷагиро таъмин менамоянд. Дар СССР вазифаҳои Органро Совети Вазирони СССР, Совети Вазирони республикаҳои иттифоқию автономӣ, комитетҳои иҷроияи Совети депутатҳои халқӣ, вазорату идораҳо ва ғайра иҷро ме­кунанд.

Адабиёт: Конститусияи СССР, Душанбе, 1977. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи советӣ, Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …