Маълумоти охирин
Главная / Илм / Органеллаҳо

Органеллаҳо

Органеллаҳо (аз орган), қисми танаи организмҳои якдуҷайрагӣ — соддатаринҳо, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Хусусан Органеллаҳои патакча ва қамчинакдорҳо гуногун ва мураккабанд.

Органеллаҳо якчанд хел мешаванд: Органеллаҳои скелетӣ ва т а к ягоҳӣ (масалан, садафи саркодовиҳо, зиреҳаки патакча, ки онҳо орга­низмро аз таъсироти механикӣ, химиявӣ ва дигар таъсироти зарарнок ҳифз мекунанд); Органеллаҳои ҳаракат ва кашишхӯранда (масалан, қамчинакҳо, мижгонҳо, мионемаҳо); Органеллаҳои ҳис ё ресепторӣ (масалан, чашмакҳои равшаниҳискунанда); Органеллаҳои ҳамла ва муҳофизат (масалан, узвҳои чӯбчамонанд, ки патакчаҳо аз бадани худ берун мекунанд); Органеллаҳои ҳозима (масалан, вакуолаҳои ҳозимаи патакчаҳо, ки вазифаи дошта гирифтан, фурӯ бурдан ва ҳазми хӯрокро иҷро менамоянд); Органеллаҳои экскре­сия ва секресия (масалан, вакуолаҳои патакчаҳо). Истилоҳи « Органеллаҳо»-ро аксар вақт чун муродифи органоидҳо низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …