Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орехов Александр Павлович

Орехов Александр Павлович

Орехов Александр Павлович (19. 11. 1881, Нижний Новгород, ҳозира Горкий —19. 10. 1939, Москва), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Соли 1905 барои иштпрок дар ҳаракатҳои студентӣ аз Омӯзишгоҳи олии кӯҳкории Екатеринослав хориҷ шу­да, ба Германия рафт ва дар он ҷо соли 1908 Университети Гисепро хатм намуд. Аз соли 1918 дар Париж кор кардааст.

Баъди бозгашт ба ватан аз соли 1928 мудири шуъбаи алкалоидҳои Институти тадқиқоти илмии химияю фармасевтии Москва буд. Орехов ва ҳамкорони ӯ қариб 100 алкалоиди навро (аз ҷумла анабазинро, ки чун инсекти­сид истифода мешавад) кашф ва тадқиқ намудаанд. Таҳти роҳбарии Орехов роҳҳои ҳосил кардан ва дар саноат ҷорӣ намудани усулҳои ҷудокунии эфедрин, салсолин, анабазин, ҳосил кардани пахикарпин ва платифиллин, ки ҳоло дар тиб истифода мешавад, кор карда шудааст.

Асари Орехов «Химияи алкалоидҳо» (русӣ), ки соли 1938 нашр шудааст, дар СССР аввалин дастурест оид ба ин фасли химияи органикӣ. Тадқиқот оид ба гурӯҳбандии дохили молекулавӣ низ ба Орехов тааллуқ дорад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …